Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати қазияи сокини ноҳияи Шаҳритуз Дӯстов Т., ки наздиконаш мегӯянд, дар натиҷаи латукӯб шудан аз ҷониби кормандони милитсия ба ҳалокат расидааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, дар посух бо имзои муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Назарзода Ҳ. ба аризаи сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Шаҳритуз, шаҳраки Шаҳритуз, кӯчаи ба номи Н. Хисрав-30 Давлатова М. гуфта мешавад:

«Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Шуморо дар хусуси аз ҷониби кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ҳалокат расонидани Дӯстов Т. мавриди баррасӣ қарор дод. Муайян карда шуд, ки ваҷҳҳои дар ариза зикргардида қисман тасдиқи худро ёфтаанд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ оид ба ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабии кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо моддаи 316 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши пешакии он ба муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генерадии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст».

Аммо наздикони Дӯстов Т. исрор мекунанд, ки чун ӯ дар натиҷаи латукӯб аз ҷониби кормандони ШВКД фавтидааст, парванда бояд бо дастрасии моддаи 143 прим 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда мешуд.

Бино ба иттилои ҳимоятгари Давлатова М., дар қарори Прокуратураи генералӣ инчунин ҳодисаи аз ҷониби ҳамон кормандони милитсия мавриди ғайриқонунӣ дастгир намудан, латукӯб ва азоби руҳӣ қарор гирифтани ду сокини ноҳияи Шаҳритуз зикр карда мешавад.