Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ному насаби нахустин ронандаи сархуш аз машруботро, ки баъди ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронукунии маъмурӣ ба ин амал даст зад, номбар кард.

Тағйироти воридшуда ҷазо барои дар ҳолати мастӣ рондани автомашинаро сангинтар карда, агар қаблан барои он аз шаҳодатномаи ронандагӣ маҳрум кардан ба муддати ду сол пешбинӣ шуда буд, акнун қонуншиканро маҳрум кардан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 10 сол интизор аст. Ғайр аз ин, ҳаҷми ҷаримаҳо низ ба таври назаррас афзуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», сокини ноҳияи Спитамен Авазбек Абдумаҷидов барои идораи воситаи нақлиёт бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ба муддати 10 сол аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум шудааст.

Ба иттилои манбаъ, кормандони БДА дар минтақаҳои гуногуни кишвар барои идораи воситаи нақлиёт бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ 13 нафаррро боздошт ва ҳар кадоме аз онҳоро ба маблағи 12,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.