Ба гумони порагирӣ ба маблағи 500 ҳазор доллар сардори Раёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ боздошт шуд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорат Аскар Нурализода зимни гирифтани маблаги пулӣ дар ҳаҷми 490 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир шудааст.
Тибқи маълумоти Агентӣ, Нурализода ин маблағро аз сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (ному насабаш ҳанӯз маълум нест) гирифта, уҳдадор шудааст, ки барои ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ворид намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ин ноҳия мусоидат мекунад.
«Дар ин замина барои мусоидат намудан барои ба номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 млн. доллари ШМА, аз ӯ ба сифати пора 10% маблағи ҷудошаванда, яъне 1 млн. доллари ШМА талаб намудааст, ки мувофиқи маслиҳати тарафҳо, маблағи 500 ҳазор доллар то иҷрои амали ваъдашуда ва қисми дигари он, маблағи 500 ҳазор доллари боқимонда баъди иҷрои ин амал ба Нурализода А.Ш. ба сифати пора дода мешуд», - омадааст дар маълумоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз манзили истиқоматӣ ва ҳуҷраи кории Нурализода А.Ҳ. дигар далелҳои шайъӣ, аз ҷумла аз манзили истиқоматияш, воқеъ дар нишонии шаҳри Душанбе кўчаи Шамсӣ хонаи 20/1 хуҷраи 11 маблағи 10 ҳазор доллари ШМА, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, шартномаи саҳмгузорӣ барои манзили истиқоматӣ аз 22.08 соли 2017 ва расиди даромади хазинавии ба маблағи 115030 сомонӣ баробар ба 13222 доллари ШМА, ки ба хазинаи ширкати сохтмонӣ пардохт карда шудааст, ёфта гирифта шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Нурализода А.Ш. бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Эмомали Рахмону показали процесс адаптации редких растений к условиям Таджикистана
Обязательное электронное кодирование товаров: кому из импортеров Таджикистана нужно будет его внедрять?
АБР на 50% увеличит финансирование своих операций в развивающихся странах
Сборная Таджикистана по дзюдо отправится на турнир Большого шлема в Ташкенте
Израиль обвинил ХАМАС в нарушении соглашения после передачи тел четырех заложников
Financial Times: США отказываются от термина «агрессор» в отношении России
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 21 февраля 2025 года
Как построить ИИ-приложение за 0 сомони?
Афиша от «Азия-Плюс»: Дни японского кино, концерт Чоршанбе Аловатова и ярмарка «МартАртМаркет»
В Вахдате открыли первый ресторан KFC
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста