Роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Агентии зиддифасод хабар дод, Одинаев дар Душанбе ҳанӯз рӯзи 14 октябр дарҳол баъди мавриди интиқод қарор гирифтанаш аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон боздошт шудааст.
Нисбати Одинаев мутобиқи моддаҳои 247 (қаллобӣ), 289 (қочоқи молу маҳсулот), 292 (саркашӣ аз пардохти андозҳо) ва 340 (сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Зимни вохӯрии рӯзи 14 октябр бо соҳибкорон Президент изҳор дошта буд, ки «Вазорати молия бо тарзҳои гуногуни нофаҳмо аз буҷети давлатӣ ба ширкати «Умед-88» 170 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда, муддати аллакай 4 сол аст, ки ширкат ин маблағро ба давлат баргардонида наметавонад ва ин ҳам дар ҳолест, ки воситаҳо бо меъёри 18% (барои муқоиса: меъёри мутавозини миёнаи қарз бо асъори миллӣ 30,6%-ро ташкил медиҳад) ҷудо шудаанд».
Сарвари давлат ин амали кормандони Вазорати молияро «бемасъулиятӣ» хонда, зикр кард, ки доир ба чӣ гуна ҷудо шудани ин воситаҳо «маълумот нест» ва дастур дод, ки гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Баъди изҳороти президент дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахт лавҳаҳо бо номи «Умед-88» шитобкорона барканда шуда, дар ин нуқтаҳо мегӯянд, акнун молики нуқтаҳо дигар ширкат аст, вале аз ифшои номи он худдорӣ мекунанд. Алҳол лавҳаҳо бо номи ширкати дигар пайдо нашудааст.
Ширкати «Умед-88» муддати беш аз 20 сол бо воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Бензин ва сӯзишвории дизелиро ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид намуда, сипас онро барои фурӯш ба зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ тақсим мекард.
То соли гузашта «Умед-88» дар қатори ширкатҳои «Газпромнефт-Тоҷикистон», «Тоҷик Петролиум» ва «Аурум Спика» дар рӯйхати субъектҳои хоҷагидорие қарор дошт, ки дар бозори сӯзишвории кишвар мавқеи афзалиятнок доштанд. Имсол дар робита ба коҳиши ҳисса дар бозор «Умед-88» аз ин рӯйхат хориҷ шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Россия и США обсудили конфликт в Украине. О чем договорились главы МИД двух стран в Эр-Рияде?
Непобедимый таджикский боец Сарвар Хамидов поборется за $500 тысяч в PFL
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 19 февраля 2025 года
«Пересмотрите и отпустите». Адвокаты Шокирджона и Рухшоны Хакимовых обжаловали приговор Верховного суда
В Узбекистане на тысячу выросло число предприятий с китайским капиталом
Действительно ли в Казахстане конный спорт дорогостоящий?
Что на самом деле портит облик Душанбе? Спросили об этом у жителей столицы
В Госдуме РФ предложили обязать мигрантов проходить повторный медосмотр
Куда в Таджикистане уходят деньги, собранные на автоутиль?
Общие доходы блогеров в Таджикистане в 2024 году оценили в $2,5 млн
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста