Муовини ректор (проректор)-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) оид ба қисми таълимӣ, доктори илмҳои тиббӣ, мутахассиси урология Дилшод Солеҳов, ки моҳи сентябр аз ҷониби мақомоти прокуратура ба гумони порагирӣ дастгир шуда буд, аллакай раҳо шуда, аз ӯ баёноти тарк накардани маҳалли зист гирифта шудааст ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти прокуратура хабар дод, Дилшод Солеҳов ба гирифтани пора дар ҳаҷми 16 ҳазор доллар гумонбар дониста шуда, ин маблағро аз падари довталаби аз имтиҳони дохилшавӣ нагузашта бо ваъдаи ба Донишгоҳ қабул кардани писараш ба сифати шаҳрванди Ҳиндустон гирифтааст.

Зимнан зикр гардид, ки муовини ректори Донишгоҳи тиббӣ аввали моҳи сентябр боздошт гардида, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои як манбаи «Азия-Плюс» дар ДДТТ, чанд рӯз қабл Дилшод Солеҳов ба ивази баёноти тарк накардни маҳалли зист аз ҳабс раҳо шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.