Сокини вилояти Суғд барои даъватҳо ба фаъолияти ифротгароӣ дар сафҳои равияи фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» ба 6 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди шаҳри Хуҷанд Некрӯз Маъруфзода хабар дод, сокини 27-солаи ноҳияи Зафаробод Самандар Қаландаров дар шабакаи иҷтимоии «Одноклассники» бо забони арабӣ ба номи «Абдуллоҳ» сабтином шуда, бо ишораи макони будубоши худ дар Арабистони Саудӣ ба таблиғи афкору ғояҳои равияи «Салафия» машғул будааст.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд,  гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар, аз ҷумла яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён Сироҷиддин Абдураҳмонов низ маҳкум шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.