Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон беш аз 100 нафар сарояндагонро ба саркашӣ аз пардохти андоз гунаҳкор медонад.

Сарояндагӣ дар тӯй ва ҷашнҳо фаъолияти инифродии соҳибкорӣ шуморида шуда, бо гирифтани патент амалӣ мешавад. Бисёре аз сарояндаҳои маъруфи Тоҷикистон чунин патент надоштаанд.

Ҳамин тариқ, ба ин рӯйхати «сиёҳ» Кумитаи андоз ҳунармандонеро дохил кардааст, ки умуман маблағи андозро пардохт намекунанд.

«Аксарияти ҳунармандон бино бар маърифати пасти андозсупориашон бо баҳонаҳои фаъолият намудан дар муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, роҳбарӣ намудани гурӯҳҳои алоҳидаи фарҳангӣ ва ба таври доимӣ иштирок намудан дар чорабиниҳои давлатӣ аз гирифтани ҳуҷҷатҳои соҳибкорӣ худдорӣ намуда, бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолият машғул мебошанд», - омадааст дар маълумоти Кумитаи андоз.

Ба ин рӯйхати иборат аз 102 сароянда, аз овозхонҳои нисбатан маъруф Нобовар Чаноров, Шабнами Сурайё, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Фирӯза Ҳафизова, Зафар Аюбов ва дигарон шомил шудаанд.

Мувофиқи номгӯи навъҳои фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ, ки бар асоси патент амалӣ мешаванд, ҳаҷми моҳонаи патент барои сарояндаҳо дар ҷашну тӯйҳо 540 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад дар маълумоти Кумита, нархи хизматрасонии ситораҳои эстрадаи тоҷик барои баргузории як тӯйи арӯсӣ имрӯзҳо аз 1000 то 5000 доллари ИМА ва зиёда аз онро ташкил медиҳад, ки ҳаҷми даромади умумии чунин сарояндагон дар амал дар як соли тақвимӣ аз ҳадди муқарраршуда (100 ҳазор сомонӣ) зиёд мебошад.

Ғайр аз ин, дар рӯйхати дигари Кумитаи андоз сарояндагоне зикр шудаанд, ки саривақт ва дар ҳаҷми нопурра уҳдадориҳои пардохти андозро иҷро мекунанд. Ба ин саф овозхонҳои маъруф дар кишвар, аз ҷумла Садриддини Наҷмиддин, Меҳринигори Рустам, Сироҷиддин Фозилова, Суруш Холов, Пенҷӣ Анаев, Сафаргул Юсупова, Сарвиноз Юсуфӣ ва дигарон шомил гардидаанд.

«Дар баробари ин, сароянда Баҳроми Ғафурӣ аз моҳи майи соли 2014 то инҷониб умуман ба мақомоти андоз ҳисоботҳои андозии худро пешниҳод накардааст», - қайд мекунанд дар Кумитаи андоз.

Гуфта мешавад, дар Феҳристи ягонаи давлатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба аввали соли ҷорӣ дар мақомоти ҳудудии андоз 1 ҳазору 512 нафар  аз рӯи намуди фаъолияти сарояндагӣ, навозандагӣ, раққосӣ, хизматрасониҳои мусиқавӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ, сабти овоз ва банаворгирии ҷашну маъракаҳо ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Аз ин шумор 256 нафар ба сифати сароянда ва 503 нафар навозанда, раққос ва баранда зикр шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.