Нисбати ду нафар сарҳадбонони тоҷик, ки рӯзи 7 январ дар Конибодом сӯи моҳигирон тир кушоданд, аз рӯи далели баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигори «Азия-Плюс» муовини Прокурори генералии Тоҷикистон, сарпрокурори ҳарбии ҷумҳурӣ Сафаралӣ Мирзозода хабар дод.

Ӯ таъкид намуд, ки ба тафтиши парвандаи ҷиноӣ оид ба ин масъала прокуратураи шаҳри Конибодом ва Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд машғуланд.

Зимнан сарпрокурори ҳарбии ҷумҳурӣ қайд кард, ки мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, дар муқоиса бо соли пешин (2016) соли гузашта (2017) дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сатҳи содир гардидани ҷиноятҳо ба андозаи 10 фоиз кам шудааст.

Ёдрас мекунем, ки сафар ба моҳидории 4 сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом фоҷеабор анҷом ёфт: ҳарбиён сӯи онҳо тир холӣ карданд, ки дар натиҷа 1 нафари онҳо ҳалок ва дигарӣ дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Тибқи маълумоти КДАМ, марзбонон автомашинаи онҳоро барои тафтиш, муайян кардани шахсияти онҳо ва мақсади ҳузурашон дар ин мавзеъ боздоштаанд, вале ронандаи автомашина якбора онро ба ҳаракат дароварда, гурехтанӣ шудааст. Сарҳадбонон аввал барои огоҳӣ ба ҳаво ва сипас ба сӯи автомашина оташ кушодааанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.