Шабонарӯзи гузашта зимни рейди шабонаи кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе 22 нафар наврасону ҷавонон боздошт шуданд.

Тавре дафтари матбуоти РВКД Душанбе хабар медиҳад, рейди мазкур ҷиҳати иҷрои қарори раиси пойтахт «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» гузаронида шудааст.

«Дар натиҷаи рейдҳои шабона дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо 22 нафар аз ҷумла 13 нафар ноболиғон ва 9 нафар ҷавонон боздошт ва ба шуъбаи милитсия оварда шуданд», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, аз онҳо 10 нафар барои оворагардӣ ва 12 нафар барои машғул шудан ба бозиҳои комютерӣ боздошт шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати волидони ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои муассир андешида шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.