Наздикону пайвандони сокини 40-солаи Кӯлоб Абдурасул Назаров, ки санаи 29 март дар яке аз шуъбаҳои милитсияи пойтахт ҳалок шуд, баъди аз гӯр берун овардани ҷасади ӯ, изҳор намуданд, ки ба беғаразии коршиносон бовар надоранд.
Тавре ба «Азия-Плюс» Абдусамад Назаров, бародари марҳум хабар дод, ҷасади Абдурасул санаи 7 апрел аз гӯр берун оварда шудааст.
Ба қавли ӯ, баъди аз қабр берун овардани ҷасад, коршиносон ба онҳо ҳатто нусхаи хулоса дар бораи сабабҳои марги Абдурасул Назаровро пешниҳод накардаанд.
«Ҳамон коршиносоне, ки аввал дар бораи марги ӯ хулоса навишта буданд, ҷасади бародарамро аз гӯр берун оварданд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки санад ба прокуратураи пойтахт дода мешавад, ки дар он ҷо аз рӯи ин далел санҷиш мегузаронанд ва ман бовар надорам, ки онҳо ба прокуратура ягон чизи наве бигӯянд», - қайд кард Абдусамад.
Ӯ ҳамчунин нашъаманд будани Назаровро рад намуда, қайд кард, ки аз дармонгоҳҳои муолиҷаи нашъамандии Душанбе ва Кӯлоб доир ба дар қайди онҳо набудани ӯ маълумотномаҳои дахлдор доранд.
Ёдрас мекунем, ки прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели марги Абдурасул Назаров, ки баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД Сино-2 ҳалок шуд, санҷишро оғоз намуд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ тафтиши дохилӣ мегузаронад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Он возродил таджикскую миниатюру и основал школу. Ко дню рождения Олима Камолзода
Выиграл или нет: Как проверить результаты лотереи Green-Card?
Владимир Путин пригласил Эмомали Рахмона на 9 мая в Москву
Верховный представитель ЕС: «Независимые СМИ сталкиваются с угрозами своему существованию во всем мире»
Агентство трудовой миграции: У узбекистанцев нет проблем с въездом в Россию
Великобритания назначила нового посла в Таджикистане
От блокировок до посадок: Журналистам в Таджикистане официально не рады
На юге Кыргызстана мини-грузовик сбил более 30 школьников
В Душанбе состоялся тренинг по доконтактной профилактике ВИЧ-инфекции
АБР советует странам ЦАРЭС региональный подход к разработке зеленых стандартов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста