Нисбати собиқ раиси «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев мутобиқи ду модаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
«Айни замон ба Ҷамшед Зиёев дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ - 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 247 (Қаллобӣ) айбнома пешниҳод шудааст», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
Бино ба иттилои манбаъ, парвандаи мазкурро Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ тафтиш мекунад. Зиёев санаи 24 апрели соли равон боздошт ва 16 май ба боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) гузаронида шуд.
Қаблан зикр шуда буд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.
Тибқи маълумоти як манбаи ба тафтишот наздики «Азия-Плюс» бидуни ифшои ному насаб, айни замон Зиёев аллакай аз қисмате аз саҳмияҳои корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан воқеъ дар наздии корхонаи сементбарории Душанбе маҳрум шудааст.
«Ба ӯ ҳозир пешниҳод доранд, ки дигар чизҳои боқимондаро диҳад, ки қонуниву ғайриқонунӣ ба худаш тааллуқ дорад ва баъд ӯро озод мекунанд, - мегӯяд манбаъ. - Ба гумони ғолиб, ӯ ба ин кор маҷбур мешавад, лекин дигар шахсонеро, ки ба ҳар гунае дар муомилоти бонк иштирок кардаанд, аз қафои худ бурда метавонад. Ва то ҷое ман огаҳӣ дорам, ӯ аллакай нисбати онҳо баёнот медиҳад».
Қобили зикр аст, ки иҷозатномаи «Тоҷпромбонк» охири моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, аввали моҳи марти соли гузашта Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози барҳамдиҳии муассиса қарор содир намуд. Ҷараёни барҳамдиҳӣ метавонад муддати ду сол идома ёбад. Дар сурати зарурат, қонунгузорӣ ба дароз шудани муҳлат боз ба як соли дигар бо қарори суд имкон медиҳад.
Бино ба маълумоти охир, айни замон 2070 шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба «Тоҷпромбонк» ба маблағи умумии 266 млн. сомонӣ қарздоранд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк наздики 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Мувофиқи маълумоти аз ҷониби ҳукумат интишоршуда, дар рӯйхати амволи «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз ҷумла бинои асосии дафтари корӣ, 21 бинои филиалҳо, ҳамчунин хонаҳои истиқоматии сершумор, коргоҳҳои истеҳсолии хурд, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра номнавис шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Рак в Таджикистане: сколько заболевших и где можно пройти полное обследование?
Таджикистан выступил с инициативой создать совместный инвестиционный фонд с Кувейтом
Власть Маска? Как его DOGE начал захватывать правительство США
Зарплаты в Таджикистане: у кого самая высокая и самая низкая?
Продукцию, содержащую пальмовое масло, продают в Таджикистане, несмотря на запрет
Съёмки фильма про дружбу Джоми и Навои, худруком которого является Люк Бессон, начнутся в апреле
Таджикская сборная по дзюдо отправится в Баку на турнир Большого шлема
Как построить в Таджикистане успешный бизнес на LED-рекламе?
Обновить стадионы, создать Центр спортивной медицины. Рустам Эмомали поручил модернизировать футбольную инфраструктуру
Молодежь Центральной Азии будет исследовать ментальное здоровье и этику ИИ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста