Оилаи рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов, ки ҳафтаи гузашта ба 12 соли зиндон маҳкум шуда, ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишоти ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.
Дар ин хусус дар баёнияи ҷониби ҳимояи Мирсаидов, ки нусхааш имрӯз ба дасти «Азия-Плюс» расид, хабар дода мешавад.
«Ин маънои онро надорад, ки Хайрулло Мирсаидов, оилаи ӯ ва ҷониби ҳимоя айберо, ки ба Хайрулло Мирсаидов пешниҳод карда шуааст, эътироф менамоянд, - омадааст дар баёния. - Оилаи ӯ ба хулосае омад, ки дар шароити ҷорӣ маблағи зиён нисбат ба арзиши озодии писарашон қобили муқоиса нест ва чунин иқдомро пеш гирифтанд. Умедворем, ки Хайрулло Мирсаидов дар рузҳои наздик ба озодӣ хоҳад баромад».
Ҳамчунин дар баёния қайд мешавад, ки тафтишот маблағи 45 ҳазор сомонӣ норасогиро дар ҳисобот оид ба маблағҳои ба аъзои дастаи КВН дар давоми 4 соли охир додашуда ошкор намуд. Қисми асосии хароҷот берун аз ҳудуди кишвар ба амал омадааст ва дар ин ҷо далели мубодилаи асъор ҷой дорад. Дар ҳисоботҳои молиявии Хайрулло Мирсаидов маълумотномаҳо ва пардохтварақаҳо аз бонку бонкаматҳо оид ба мубодилаи асъор замима гардидаанд, вале тафтишот ҳангоми гузаронидани санҷиш ин амалро ба инобат нагирифта, қурби мубодилаи Бонки миллии Тоҷикистонро истифода бурдааст, ки ба ақидаи ҷониби ҳимояи Хайрулло Мирсаидов ба талаботи ягон санади меъёрӣ ҷавобгӯ нест.
Ғайр аз ин, дар баёния ҷониби ҳимоя изҳор мекунад, ки талаботи моддаи 346 (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ҷавобгарии ҷиноятиро барои дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ оид ба содир шудани ҷиноят пешбинӣ намудааст. Вале, агар маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ, рафтори бадахлоқона, талаботи ғайриқонунӣ, суханҳои ноҷо ва ғайра бошад, он ҷиноят дониста намешаванд, ва гузашта аз он, сабаби ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан буда наметавонад. Чунин баёнот таҳти амали ҷавобгарии ҷиноятӣ қарор намегирад, ҳатто агар фарз кунем, ки Хайрулло Мирсаидов дурӯғ гуфта бошад ҳам, зеро туҳмат ҳанӯз дар соли 2015 декриминализатсия карда шуда буд!
«Дар муроҷиати худ Хайрулло Мирсаидов, назари Президенти ҷумҳуриро, Прокурори Генералиро ва Роҳбари вилоятро ба муаммо ва душвории дастаи КВН ҷалб намуд барои бартараф намудани онҳо кумак мепурсад. Мақсади Хайрулло Мирсаидов ҳал намудани муаммои КВН, ба ҷавобгарӣ кашидани Олим Зоҳидзода нест ва маводҳои дар ВАО нашршуда расонидани хабари бардурӯғ намебошад.
Ҳамчунин худи Олим Зоҳидзода, меҳисобад, ки маводи Хайрулло Мирсаидов туҳмату таҳқири оммавӣ шаъну шарафи у мебошад. Таҳқиру туҳмат ҷиноят набуда, дар мурофиаи гражданӣ барраси мегардад, на ҷиноятӣ», - омадааст дар баёния.
Дар фарҷом норозигӣ ба қарори суд изҳор шуда, изҳори ният мешавад, ки аз болои санади суди марҳилаи якум шикоят бурда шуда, талош варзида хоҳад шуд, ки зинаи болоӣ қарори одилона содир намояд.
Как проходил первый парад в независимом Таджикистане – уникальные кадры
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста