Дар Суди олии Тоҷикистон рӯзи 28 август баррасии парванда нисбати роҳбарони ширкати «Умед-88» ба итмом расид.
Дар назар аст, ки ҳукм аз рӯи ин парванда ҳафтаи оянда эълон шавад. Ҷониби айбдоркунанда чӣ гуна ҷазо талаб кардааст, маълум нест.
«Баррасии парванда пушти дарҳои пӯшида сурат гирифта, алҳол чизе гуфта наметавонем. Вақте қарори ниҳоии суд содир шуд, хабар медиҳем. Ба гумони ғолиб ин кор ҳафтаи оянда ба иҷро мерасад», - изҳор дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Суди олӣ.
Адвокатҳои судшавандагон – раиси ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ва директори ширкат Идибек Ибрагимов – аз суҳбат бо намояндагони васоити ахбори умум қотеъона даст мекашанд.
Ба гуфтаи адвокатҳо, то оғози баррасии парванда аз онҳо ҷиҳати ифшо накардани маълумот баёнот гирифта шудааст.
Дар ҳамин ҳол, охири моҳи июли соли ҷорӣ раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба журналистон хабар дода буд, ки раиси ширкати «Умед-88» аз рӯи ҳафт модда айбдор карда мешавад.
Он замон Шермуҳаммад Шоҳиён ҳамчунин шарҳ дода буд, ки «бинобар сабаби хусусияти махфӣ доштани баъзе ҳолатҳои ҷинояти Одинаев, парванда пушти дарҳо пӯшида баррасӣ мешавад».
Дар Суди олӣ он вақт хабар дода буданд, ки нисбати Одинаев аз ҷумла мутобиқи моддаҳои 247 (қаллобӣ), 289 (қочоқи молу маҳсулот), 292 (саркашӣ аз пардохти андоз) ва 340 (сохтакории ҳуҷҷатҳо)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Раҳбарияти ширкати «Умед-88» санаи 14 октябри соли 2017 баъди суханронии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо соҳибкорон боздошт шуд.
Зимни суханронӣ рӯзи 14 октябр дар вохӯрӣ бо соҳибкорон Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки «вазорати молия бо тарзҳои нофаҳмо ба ширкати «Умед-88» аз буҷети давлатӣ 170 млн. сомонӣ воситаҳо ҷудо карда, ин ширкат муддати 4 сол аст, ки маблағҳоро ба давлат баргардонида наметавонад. Амали кормандони Вазорати молияро, ки ин маблағҳоро додаанд, Сарвари давлат «бемасъулиятӣ» хонда, дастур дод, ки гунаҳкорон муҷозот шаванд.
Ширкати «Умед-88» муддати беш аз 20 сол бо воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Бензин ва сӯзишвории дизелиро ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид намуда, сипас онро барои фурӯш ба зиёда аз 70 нуқтаи фурӯши сӯзишвории ширкат дар саросари ҷумҳурӣ тақсим мекард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Из Таджикистана в Камбоджу: как долететь и что важно знать, собираясь в поездку
5 мифов о детских браках, или почему можно и нужно вмешиваться в вопросы традиций
Стало известно, когда таджикские спортсмены получат премию президента Таджикистана
Американские ученые обнаружили в мозге «отключающие» аппетит нейроны
ХАМАС освободил трех израильских заложников со вторым гражданством
Железные ворота: невероятное ущелье в Байсуне, где по легенде сыграл свадьбу Александр Македонский
МВД России предупредило о возможности заражения телефона вирусом через WhatsApp
Команды, регламент и даты. Каким в Таджикистане будет новый футбольный сезон?
Жителя Вахдата заподозрили в растлении несовершеннолетних
Зеленский в Мюнхене отказался подписать соглашение на передачу США 50% полезных ископаемых Украины
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста