Суди шаҳри Серпуховои вилояти Маскав муҳлати ҳабси гумонбар ба қатли духтари тоҷик Ҳувайдоро боз ба муддати як моҳи дигар дароз кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” адвокати оилаи Ҳувайдо дар ин робита хабар дод, муҳлати ҳабси гумонбар Александ Сёмин то 22 октябр тамдид шудааст.
“Дархости тамдиди муҳлати боздошт ба зарурати гирифтани хулосаи ташхиси судии равонии гумонбар асос ёфтааст. Аз 22 август ӯ барои гузаронидани ташхиси тиббии рӯҳӣ дар бемористони ба номи Сербскии Маскав қарор дорад”, - хабар додааст адвокат Михаил Мушаилов.
Ба гуфтаи адвокат, ба ҷуз куштор, Александр Сёмин ба содир намудани ҷиноятҳои таҷовуз ба номус, амалҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбати ноболиғ, ҳамчунин одамрабоӣ гумонбар дониста мешавад.
“Ба парвандаи ӯ моддаи 125 Кодекси ҷиноии Русия “Одамрабоӣ” илова шуд. Ғайр аз ин, ӯ дар даст доштан ҳади ақал ба панҷ ҳолати талоши дастдарозӣ нисбати кӯдакон низ гумонбар дониста мешавад. Ба фикрам, ӯро аз муҷозот дигар ҷойи гурез нест”, - иброз доштааст адвокат.
Қаблан дар суҳбат бо “Азия-Плюс”Михаил Мушаилов изҳор намуда буд, ки “дар айбҳои пешниҳодшуда ба ӯ дар маҷмӯъ ҳабси абад пешбинӣ шудааст”.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 23 июл дар наздикии роҳи оҳани қаламрави шаҳри Серпуховои вилояти Маскав ҷасади духтари 5-солаи як оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон дарёфт шуд, ки чанде қабл бедарак шуда буд.
Дар Раёсати Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав хабар дода буданд, ки ба гумони даст доштан дар куштор ва ҳамчунин таҷовуз ба номуси духтарча сокини 28-солаи маҳаллӣ Александр Сёмин боздошт гардид. Гумонбаршуда дар ҳамсоягии оилаи кӯдак зиндагӣ дошта, аз хонаи ӯ пайҳои пойафзоли духтар ва изи ангуштони ӯ дарёфт шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.