Ба туфайли талошҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳамдастӣ бо ҳукуматдорони маҳаллӣ ва дастгирии аҳолии шаҳри Хоруғ, имрӯз дар роҳҳои маркази маъмурии ВМКБ тартибот ҷорӣ шудааст.
Котиби матбуотии раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков ба “Азия-Плюс” дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз дар роҳҳои кӯчаҳои шаҳри Хоруғ дигар ягон мошини сиёҳшиша боқӣ намондааст.
“Аксари ронандагон ихтиёрӣ аз ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои автомашинаашон даст кашиданд”, - гуфт ӯ ва илова намуд, ки ба ҳукумат муяссар шуд, ки дар роҳҳои шаҳр тартибот ҷорӣ намуда, ҳодисаҳои танбашавии воситаҳои нақлиётро, ки тез-тез ба вуқӯъ мепайвастанд, бартараф намояд.
Ба гуфтаи Ғолиб Ниятбеков, фаъолияти ситоди байниидоравӣ оид ба мусодираи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, ки ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ мешавад, идома дорад.
“Фаъолияти ситод дар ин самт то замони мусодираи охирин тире, ки ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ мешавад, давом мекунад”, - таъкид дошт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ рӯзи 15 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинятпеша дар вилоят мавриди интиқоди шадид қарор дод.
Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дода, аллакай санаи 18 сентябр 4 нафар муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ ва раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз мансаб барканор кард.
Бо дастури президент раиси суди вилоят, Раёсати ВКД, сардорони БДА шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ низ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.
Рӯзи 1 октябр бошад, президент раиси вилоят Шодихон Ҷамшедро низ аз вазифа озод карда, ба ҷойи ӯ Ёдгор Файзов таъин шуд.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.