Кабир Кабиров аз рӯи далели содир намудани садамаи нақлиёти марговар зимни идораи автомашинаи тамғаи “Лексус-450” боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО) қарор дорад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.
“Ӯ субҳи рӯзи 24 март боздошт ва айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Кабиров дар роҳ додан ба қоидавайронункунӣ зимни ҳаракат дар роҳ (қ. 3, моддаи 212 КҶ ҶТ) айбдор карда мешавад”, - гуфт як манбаъ аз РВКД.
Дар қисми 3-юми моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ маълумоти маст будани Кабировро аз машрубот зимни рух додани садама ва дар натиҷаи барпо кардани пойга ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаро рад кард.
“Ба воситаи камераҳои “Шаҳри бехатар” мо муайян кардем, ки то рух додани ҳодиса ӯ ба қонуншикание роҳ надода, дар чароғакҳо мошинро бозмедошт. Фарзияи дар ҳолати мастӣ аз машрубот будани ӯ низ тасдиқ нашуд”, - хабар дод манбаъ.
Аз бемористони “Истиқлол” хабар доданд, ки пас аз садама Кабир Кабиров бо ҷароҳатҳои начандон вазнин назди онҳо оварда шудааст.
“Пас аз садамаи санаи 23 март ӯ бо ҷароҳатҳои начандон вазнин дар палатаи оддӣ бистарӣ шуда буд. Вазъаш муътадил ба ҳаёташ чизе таҳдид намекард. Суҳи рӯзи 24 март ӯро аз бемористон бурданд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз беморхона.
Ҳамчунин аз беморхонаи мазкур хабар доданд, ки вазъи солимии ҷабрдида дар ин садама Саидвалӣ Убайдуллоев вазнин арзёбӣ мешавад.
“Саидвалӣ Убайдуллоев дар шуъбаи эҳёгарии беморхона бстарӣ буда, вазъи солимиаш доимо вазнин аст. Ӯ аз майнаи сараш зарб хӯрда, боз ҷароҳатҳои дигар бардоштааст”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи “Истиқлол” Назар Отақулов.
Ёдрас мекунем, ки шаби 23 март Кабир Кабирови 19-сола, писари молики бозори “Султони Кабир” дар Душанбе Аваз Кабиров, зимни идораи автомашинаи “Лексус-450” дар хиёбони Рӯдакӣ, дар маркази пойтахт ба садама дучор шуда, дар натиҷа ду муофири автомашина – Саидҷаъфар Саидови 19-сола ва Некзода Саҳобиддинзодаи 19-сола ҳалок шуданд.
Ронанда ба зиёд шудани суръати аз меъёр баланд роҳ дода, автомашина нахуст ба панҷараи бетонии назди бинои парлумон ва сипас ба симчӯб бармехӯрад.
Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи курси 1-уми факултаи муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Кыргызские авиакомпании могут исключить из «черного списка» Евросоюза, - Жапаров
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Операторов связи Таджикистана предупредили: из-за плохой связи их либо оштрафуют, либо лишат лицензии
Банк России на фоне падения рубля отказался продавать валюту до конца года
Все-таки сыграем с Россией? Сборная Таджикистана может это сделать в 2025 году
К 2037 году Таджикистан хотят превратить в «зелёную страну». Что для этого собираются предпринять?
Путин поблагодарил Токаева за развитие русского языка в Казахстане. О чем договорились лидеры?
Эмомали Рахмон улетел на саммит ОДКБ в Астану
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста