Сарбози қатории яке аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон пас аз рухсатӣ ба ҷойи хизмат барнагашта, муҳоҷират дар Русияро ихтиёр намудааст.

Зодаи ноҳияи Мастчоҳ Азизбек Норқӯзиев моҳи ноябри соли 2014 ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ даъват шуда буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Суди ҳарбии гарнизони Душанбе.

Сарбоз то санаи 11 феврали соли 2015 хизмат карда, ҳамон рӯз ба ӯ ба муҳлати 7 рӯз рухсатӣ дода мешавад.

Дар суд хабар додаанд, ки комисари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ бо сабабҳои вазъи оилавӣ, муҳлати рухсатии Норқӯзиевро 5 рӯз дароз мекунад, аммо сарбоз ба ҷойи баргаштан ба ҷойи хизмат, ба муҳоҷирати корӣ ба Русия меравад.

Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе Норқӯзиевро мавриди ҷустуҷӯ эълон мекунад. Нимаи соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ӯро дар шаҳри Березники боздошт ва ба ихтиёри Тоҷикистон месупоранд.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбоз Норқӯзиевро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 375 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Фирор) гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.