Сокини шаҳри Конибодом Тоирҷон Каримов ба 11 соли зиндон маҳкум шуда, дар зиндони низомаш сахт адои ҷазо мекунад.
Моҳи феврали соли равон ӯ дар ҳолати мастӣ аз машрубот ва аз ҳиссиёти рашк бо ҳамсараш Мавҷуда Каримов ҷанҷолу муноқиша карда, бо чисми ҳамсараш бо корд ду маротиба зарба мезанад, ки дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти прокуратураи генералии Тоҷикистон.
Ба ақидаи равоншиносони тоҷик, сабаби қариб ҳамаи кушторҳо, ки дар оилаҳои тоҷикистониён рух медиҳанд, истеъмоли машрубот, ҳиссиёти рашк ва вазъи душвори иҷтимоӣ мебошад.
Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, тӯли 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 48 далели куштор ва ҳолатҳои суиқасд ба куштор ба қайд гирифта шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.