Дар доираи амалиёти “Корд” дар Душанбе барои нигаҳдорӣ ва бо худ доштани силоҳи сард 14 нафар ҷавонон боздошт шуданд.
Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, амалиёти “Корд” бо мақсади аз аҳолӣ, бахусус, ҷавонон мусодира кардани силоҳи сард, аз қабили таппончаи газӣ, кастету корд ва дастчӯби оҳанину дигар ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашаванда ҷараён дорад.
Гуфта мешавад, дар рафти амалиёт тайи ду рӯзи охир 8 адад корд, 2 адад кастет ва 1 ададӣ таппончаи газӣ ва дастчӯби оҳанин дарёфту мусодира карда шуданд.
“Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, нисбат ба 5 нафар ҳабси маъмурӣ аз 5 то 7 шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд”, - қайд мешавад дар маълумоти дафтари матбуоти РВКД-и пойтахт.
Зикр мешавад, ки амалиёти мазкур дар ҳудуди пойтахт идома дошта, милитсияи шаҳри Душанбе то пурра решакан намудани ин падидаи номатлуб дар ҷомеа мубориза мебарад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
МИД Кыргызстана рекомендовал гражданам отказаться от поездок в Россию
Глава МИД Таджикистана принял посла Соединенных Штатов Америки
«Глобальный саммит мира» по формуле Зеленского. Чего от него ожидать?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 3 мая 2024 года
Офтальмологическая клиника «Санталь» ищет врача
Афиша от «Азия-Плюс»: Tajikistan Fashion Week, «Весёлый балаган» и концерт ко Дню Победы
Оставленный водителем грузовик въехал в толпу школьников в Кыргызстане
Как небо над Дангарой украшали десятки парапланов
Таджичка борется за звание America`s Favourite Teacher
JICA предоставляет медицинское оборудование для повышения качества медицинских услуг в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста