Дар ҷараёни рейдҳои мақомоти дахлдор ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи Душанбе даҳҳо нафар зоирон, ки раводиди Ҳаҷҷи умраи Арабистони Саудиро доштанд, тавассути ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “FlyDubai” парвоз карда натавонистанд.
Ин маълумотро ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумтаи ҶТ тасдиқ карда, гуфтанд, ки зоирони мазкур на тавассути ширкатҳои расмии “Расул Сохтмон” ва “Ормон”, балки бо истифода аз миёнаравҳо нияти сафари Ҳаҷҷи умра доштанд.
Бино ба иттилои сухангӯйи Кумитаи дин Афшин Муқим, чанд нафар аз ҳисоби хоҳишмандон гурӯҳ ҷамъ намуда, бе таъсиси ширкати муайян ва бе пардохти ҳеҷ гуна андоз ба фаъолияти сафарбаркунӣ оғоз кардаанд, ки ин амал мухолифи қонунгузорӣ ва тартиби муайяншуда мебошад.
- Аз сабаби фаъолияти ғайриқонунии ҳамон нафарон ва боздошт шудани онҳо, зоирон бе роҳбалад монданд ва шояд сабаби иҷозат надодани парвоз низ дар ҳамин бошад. Зоирон ба ин афрод аз он сабаб муроҷиат кардаанд, ки онҳо бо нархи арзонтар хизматрасонӣ мекунанд, - гуфт Афшин Муқим.
Намояндаи Кумитаи дин шумораи дақиқи зоирони аз сафар бозмондаро намедонад. Ба қавли ӯ, зоироне, ки ба Ҳаҷ рафта натавонистанд, тариқи телефони боварӣ ба Кумита барои дарёфти кумак муроҷиат карданд ва нигаронанд, ҷуброни зарари онҳоро кӣ мепардозад?
- Ин зоирон барои кумак тариқи телефони боварии мо – 988206666 муроҷиат карда, гуфтанд: “Мо фиреб хӯрдем”. Кумитаи дин то ҳадди имкон ба онҳо ёрӣ мерасонад. Зоирон бо кумаки мақомоти дахлдор маблағҳои худро баргардонда, сипас тавассути ширкатҳои расмӣ метавонанд ба Ҳаҷҷи умра бираванд. Чунки дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон танҳо ду ширкати расмӣ – “Расул Сохтмон” ва “Ормон” ҳуқуқи сафарбаркунии шаҳрвандонро ба Ҳаҷҷи умра доранд. Арзиши хизматрасонии онҳо ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ барои як нафар буда, роҳбаладӣ, меҳмонхона, роҳкиро ва ғизоро дар бар мегирад, - изҳор дошт Афшин Муқим.
Қазияро ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев ба Asia-Plus чунин шарҳ дод: “Ширкатҳое, ки бо Кумитаи дин шартнома надоранд, ҳуқуқи ба Ҳаҷҷи умра бурдани шаҳрвандонро надоранд ва тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Мақомоти дахлдор бояд хулосаи худро дар бораи айбдор будани шахсоне пешниҳод намоянд, ки бо гуноҳи онҳо зоирон аз сафари Ҳаҷҷи умра боздошта шуданд. Ин баҳс дар суд ҳал карда мешавад. Гунаҳкорон аз ҷониби суд уҳдадор мешаванд, ки зарари моддӣ ва маънавии шаҳрвандонро ҷуброн кунанд”.
Вай афзуд, ки мувофиқи Қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра” аз 30.12.2015 ширкатҳои сайёҳӣ барои бурдани шаҳрвандон ба Ҳаҷҷи умра бо Кумитаи дин шартнома мебанданд. Шаҳрвандоне, ки хоҳиши сафари Ҳаҷҷи умраро доранд, тибқи тартиби муқарраршуда дар давоми сол ба ширкатҳои сайёҳии ватание, ки шартномаи тарафайн бо Кумитаи дин доранд, муроҷиат менамоянд.
Ширкати “Расул Сохтмон” соли 2008 таъсис ёфта, ҳамзамон бо фаъолият дар бозори сохтмон, дар бахши сайёҳат ба хориҷ аз Тоҷикистон низ кор мекунад. Он аз соли 2009, инак 10 сол боз аз сӯйи Кумитаи дин ба унвони ширкати масъули таъмини сафари зоирони тоҷик ба Ҳаҷҷи умра интихоб шудааст. Ба ҷуз ин, дар соли 2018 ширкати “Ормон” ташкил гардид, ки барои бурдани зоирон ба Ҳаҷҷи умра мусоидат мекунад. То ҳол ҳамин 2 ширкат ҳуқуқи сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Ҳаҷҷи умра доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Душанбе: когда появился первый универмаг, автобус и памятник?
Санатории Таджикистана: где отдохнуть и во сколько это обойдется?
Социальное жилье в Таджикистане. Какие изменения есть в законодательстве?
Куда можно сдать отходы на переработку в Душанбе?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 января 2025 года
Женский футбол в Таджикистане ломает стереотипы, но ему очень нужна поддержка
Как США покупали и захватывали земли других стран
Как изменились цены на продукты питания в Таджикистане по сравнению с январем 2024 года
Почему таджикские футболисты за рубежом отказываются играть за сборную Таджикистана?
Кремль: Путин открыт к встрече с Трампом
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста
Мехмон Бахтӣ 1 марта, 2020 15:33
Ҳаминҷо ҳам монополия. Зоирин барои ҳаҷҷи фарзӣ наздик ба 4000$ пардохт мекунанд бо ин беҳаёҳо шарм накарда пора мегиранд ва боз ҳоҷиҳо барои таҳвил бо автобус аз макка ба мино муздалифа ҷудоӣ 60 риёл ё инки сесад сомонӣ барои як рафту омад аз ҳар як нафар ҷамъ мекунанд. Ҳоҷиёни Тоҷикро дар ҳотелҳое, кт хайриявӣ ҳастанд ҷой намуда пули ҳотелҳоро дар ҷайби худ мезананд. Кай ин номукарам номус карда тарки вазифа мекарда бошад. Ҳамаи ин дардҳора Раиси Ҷумҳур фаҳманд мутмаинам дар як руз аз вазифа хоҳанд гирифт инро, аммо кӣ ба он кас мерасонад? Аксаран дар он кумита ҳамнавъҳо ҷамъ омадаанд
Flow 29 ноября, 2019 09:08
Дар точикистон ягон корхона нест ки халкаш кор кунад. Халк хамаш камбагал дар азоб. Бечора мардхо ду танга аз хисоби такси кор карданро доштан. Лекин газро боз кимат кардан ин гуё нони бечора таксистхоро ним а кардан аст. Кай дар точикистон арзони мешуда бошад. Нархи гушту орд дар осмон. Ягон бехбуди мешуда бошад ё факат бадбуди. Инкадар бемасулияти калоншавандахо халка дар азоб мондан. Шукронаи хами рассия ки халки точик зиндаву саломат гаштаанд. Агар рассия намебуд зиндагии халки мо аз Африка хам бадтар мешуд.