ВКД Тоҷикистон санҷиши боздошти ҷавонзани ҳиҷобдор Нилуфар Раҷабоваро оғоз кардааст. Ба гуфтаи ин хонум, ӯ дар ШВКД Сино 2-и шаҳри Душанбе “соатҳо таҳқиру азият” шудааст.

Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар тамоси телефонӣ бо “Азия-Плюс” марбут ба ин қазия гуфт: “Мо иттилооти нашркардаи ВАО-ро дидем. Роҳбарияти вазорат оид ба он санҷиш таъин кардааст. Баъд аз анҷоми санҷиш натиҷаашро дақиқ карда, хабар медиҳем”.

Нилуфар Раҷабова ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар баробари ӯ боз онҷо 15-20 зани дигар ҳам буданд. “Аз мо пурсиданд, ки занҳои хушрӯ чаро ин қадар худатонро печондед? Нафасатон намегирад? Инҷо на Афғонистон асту на Эрон. Ба мо фаҳмонданд, ки ин тарзи либоспӯшӣ ғайриқонунӣ аст ва ба ҳама “шарф” доданд. Гуфтанд, ки сатрҳоро кашеду ин “шарф”-ҳоро пӯшед ва ҷавоб медиҳем. Вақте гуфтам, ки ба ман ҳам диҳед, гуфтанд, дигар нест”, - нақл кардааст ӯ.

"Таҳдид карданд, ки 15 рӯз ҳабс мекунанд. Телефонамро гирифтанд. Гуфтам, дар куҷои қонун омадааст, ки шумо бо зан чунин рафтор кунед? Гуфтанд, ту зан нестӣ, иғвогар ҳастӣ”, - афзудааст Нилуфар

Вобаста ба ин қазия раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Ҳамро ва Сардори шуъбаи корҳои дохилии №2-и ноҳияи Сино муроҷиат кардааст.

“Духтар беасос аз ҷониби кормандони полиси ноҳияи Синои 2 боздошт шуда, 5 соат дар боздошт нигаҳдорӣ шудааст. Мувофиқи хосташон масхара кардаанд, бо баҳонаи он ки вай либоси исломӣ пӯшидааст, ҳатто таҳдид кардаанд... Пас маълум мешавад, ки ин хоҳар ва модари Шуҳрат Раҳматулло (рӯзноманигоре, ки дар Аврупо зиндагӣ мекунад) аст, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ онҳоро бо тамоми имконоти имконпазир ба таҳқир мубтало карданд”, - омадааст дар муроҷиатномаи Зойиров.

Ӯ дар идома навиштааст: “Агар шумо бар зидди бародари ин духтар даъво дошта бошед, лутфан, даъвои худро ба бародараш пешниҳод кунед... Духтар барои бародараш ҷавобгар нест”.

“Интихоби пӯшидани либос ҳуқуқи шахси мушаххас аст. Ин аз Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бармеояд. Ин ҳуқуқи шахсии инсон аст. Мо, аз занони тоҷик чӣ талаб мекунем, то онҳо либосҳои якхела дошта бошанд, дар дасти лӯхтакбозҳо лӯхтак шаванд. Пас шахсияти инсон ба куҷо хоҳад рафт? Ман шахсан ин духтарро ва модари ӯро намедонам, ман бо онҳо ошно нашудам. Аммо онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва пеш аз ҳама онҳо ИНСОНАНД, ҳар яки онҳо шахсиятанд ва ба онҳо тамоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои дар Конститутсия ва қонунҳои кишвар муқарраршуда дода шудаанд. Пас, муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон, лутфан, меҳрубон бошед ва қонунҳои кишварро риоя кунед, ҳуқуқҳои одамонро эҳтиром кунед”, - навиштааст Раҳматилло Зойиров.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 11-уми декабр як корманди милитсияи пойтахт зимни бозошти хабарнигори Asia-Plus барои аксбардории арчаи солинавӣ аз “рейди сатру ҳиҷоб” низ ёдовар шуда, чунин гуфта буд:

“Мо дар пеши ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур рейди сатру ҳиҷоб рафта истода будем. Акнун мо ба он дараҷае намеравем, ки сатрро аз сарашон “қап” занем. Мо бероҳа меистодем, ки ранги шумо барин шаҳрвандон намефаҳманд, ҷангу даъво мегиранд. Ӯро фақат занакҳо мераванд, ҳамсуҳбат мешаванд қатиш, ки “апаӣ, хоҳарӣ, ҷойи ҳамин рӯймол шарф бибанд, тамом”. Ҳамин қадар ҳақ доранд, ки бифаҳмонанд. Ана, як-ду бача ранги ту барин аз дур истода, телефонашро бароварда, “назаметно камера” карда истодааст. Ман нигоҳаш дорам. Рафта, телефонро гирифтам. Ба суд пешниҳод кардам. Суд 5500 сомонӣ ҷаримаш кард, ба хотире ки моро “камера” кардагӣ аст. Ана, ҳамон ҷо ягон гуноҳ надошт ҳамон бача. Панҷу ним ҳазор ҷаримаш карданд. Фаҳмидӣ маро? Ин фармон аст, ин қонун аст. Инро ман аз пеши худам нагуфта истодаам”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.