Шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳузур дошта, ба гумони содир кардани ин ё он ҷиноят мавриди пайгард қарор доранд, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон авф карда намешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Ёдрас мекунем, ки вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 11-уми декабр бо пешниҳоди сарвари давлат қонунеро қабул карданд, ки мувофиқи он, шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандии ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар ҳузурдошта мавриди авф қарор мегиранд.
Қонуни қабулшуда танҳо ба шаҳрвандони кишварҳое дахл хоҳад дошт, ки дар ҳайати собиқ давлати Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) буданд.
Дар давраи авф, ки 3 сол идома меёбад, ҳамаи хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандии дар қаламрави ҷумҳурии мо ғайриқонунӣ иқоматдошта бидуни тарсу ҳарос метавонанд ҳузури худро дар қаламрави Тоҷикистон қонунӣ кунанд.
“Нисбат ба шахсоне, ки дар вақти қонунӣ кардани ҳузурашон ба сохторҳои давлатии марбута дар бораи худ маълумоти нодуруст ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод месозанд, авф татбиқ намешавад”, - қайд карданд дар Вазорати адлия.
Ба гуфтаи манбаъ, авф ба шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ, ки ба гумони даст доштан дар содир кардани ин ё он ҷиноят мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаанд, дахл нахоҳад дошт. Он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба чунин хориҷиён барои ҳузури ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар мусоидат кардаанд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.
“Шаҳрвандоне, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон манъшуда аъзо мебошанд, авф намешаванд”, - гуфтанд дар Вазорат.
Дар қонунгузории Тоҷикистон имрӯз барои ҳузури ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар дар ҳаҷми аз 4 то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ихроҷи қонуншикан аз ҳудуди ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст. Қонуншиканони ашаддӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ низ ҷалб шуда метавонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.