Кормандони милитсия 2 нафарро дар ноҳияи Айнӣ ба гумони дуздии чорвои мардум дастгир намуданд. Гумонбарон молҳоро тавассути мошини тамғаи “Nexia” аз оғилҳои мардум тасарруф мекарданд.

Дар ин бора маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд тавассути барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.

Кормандони милитсияи ноҳияи Айнӣ пас аз се моҳи шикояти мардум оид ба гум шудани чорвоҳояшон 2 нафар гумонбарон – Маъруф Ҳусейнов, сокини деҳаи Рукнобод ва Тоҷидин Шеров, истиқоматкунандаи деҳаи Мазори Шарифро ба гумони дуздӣ дастгир карданд.

Онҳо бо истифода аз сабукрави тамғаи “Nexia” чорвои мардумро аз оғилҳои канори роҳ мерабудаанд. Гумонбарон даҳ сар моли майда ва панҷ сар чорвои калони шохдори аҳолии деҳаҳои Хушекат, Искодар ва Анзоби ноҳияи Айниро бо арзиши эҳтимолии 25 ҳазору 500 сомонӣ рабудаанд.

Молҳои дуздиро онҳо тавассути мошин ба шаҳри Панҷакент интиқол дода, дар бозорҳои шаҳру деҳот мефурӯхтанд ё дар хонаи истиқоматии гумонбаршуда Шокиров, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ чорворо забҳ карда, гӯштро ба қассобхонаҳо месупориданд.

Инчунин гумонбарон дар моҳи ноябри соли гузашта, дар ноҳияи Шаҳристон 6 сар гов ва 4 сар моли майдаи шохдорро рабудаанд, ки арзиши онҳо беш аз 14 ҳазор сомонӣ мебошад.

Айни ҳол 9 ҳолати дуздиро тафтишот ба гумонбарон нисбат медиҳад, ки 25 чорво рабуда шудааст. Қисме аз онҳоро дарёфта, ба соҳибонашон баргардониданд.

Сокинон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори сипос карда, гуфтаанд, чорводорӣ ягона шуғле мебошад, ки аз рӯйи он рӯзгори худро пеш мебаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.