Аз аввали соли равон дар Тоҷикистон боздошти оммавии одамон ба гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” (аз соли 2006 фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) оғоз гардид. Тибқи маълумоти ВАО, беш аз 70 нафар боздошт шудаанд.

Як манбаъи муътамади “Азия-Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфара хабар дод, ки онҳо 5 сокини шаҳрро боздошт кардаанд.

“Маълумоти боздошти гумонбарон аз Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи вилояти Суғд расид. Мо 5 кас, аз ҷумла, сардори Раёсати Кумитаи амволи давлатии шаҳри Исфара Фирдавс Раҳимзодаро боздошт кардем. Ҳамчунин дар Конибодом 1 нафар дастгир шуд”, - гуфт манбаъ.

Як манбаъи дигар дар Исфара тасдиқ кард, ки аввали моҳи январи соли ҷорӣ дарвоқеъ ҳам Фирдавс Раҳимзода дастгир шудааст.

“Пас аз чанд рӯзи соли нав ӯро боздошт карданд. Ҳеҷ кас гумон надошт, ки ӯ бо “Ихвон-ул-муслимин” ягон алоқае дошта бошад. Пас аз боздошташ дигар дар бораи ӯ чизе нашунидем”, - иброз дошт манбаъ.

Фирдавс Раҳимзода як муддат ба ҳайси раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳри Исфара ва баъдан сардори Раёсати Кумитаи амволи давлатӣ кор кардааст.

Дар ҳамин ҳол, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки нахост ному насабаш ифшо шавад, хабар дод, ки якчанд нафар омӯзгорони донишгоҳро дастгир кардаанд.

“Боздошти якчанд омӯзгорон рост аст. Мегӯянд, ки беш аз 10 нафар омӯзгорон дастгир шудаанд. Асосан, муаллимони факултаи “Шарқшиносӣ” боздошт шуданд. Ман 2 нафар аз боздоштшудагон – омӯзгори кафедраи “Таърихи адабиёт” Фатҳулло Латифов ва муаллими калон Тоҷиддин Яъқубовро мешиносам. То ҳол аз боздошти Латифов дар шигифтам. Ӯ шахси меҳнатқарину хушмуомила аст”, - қайд кард манбаъ.

Барои равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур ба ВКД Тоҷикистон муроҷиат кардем.

“Маълумот дар бораи аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудани онҳо асос надорад”, - гуфт ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти ВКД Нусратулло Маҳмадзода.

Вай афзуд, ки агар дар ин бора маълумот дастрас шавад, он дар сомонаи Вазорат нашр мегардад.

Бино ба маълумоти манбаъҳои Радиои Озодӣ, шумораи онҳое, ки бо гумони узвият дар созмони мамнӯи "Ихвон-ул-муслимин" дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон боздошт шудаанд, бино бар хабарҳо ба 70 нафар расидааст.

Манбаи радио дар ВКД Тоҷикистон хабар додааст, ки то имрӯз ҳадди ақал нисбат ба 70 нафар парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ин афрод асосан бар асоси моддаи "ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ" ва "узвият дар ташкилоте, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ шудааст" (иловаи 3-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) муттаҳаманд.

ВАО хабар медиҳанд, ки дар байни боздоштшудаҳо номзадҳо ва ҳатто докторҳои илм, устодони донишгоҳҳо, имомхатибони собиқ, рӯҳониён ва ҳатто мансабдорони давлатӣ ҳастанд. Хабаргузории “Ахбор” бо истинод ба манбаъҳояш ному насаби 18 нафари боздоштшударо маълум кардааст.

Миёни онҳо Сатторов Икромшоҳ, сармуаллими Донишкадаи забонҳо, собиқ мудири шуъбаи забонҳои хориҷии Донишкадаи забонҳо, факултети Авруосиё, зодаи ноҳияи Данғара; Сафаров Меъроҷиддин, доктори илмҳои забоншиносӣ, корманди радио, зодаи ноҳияи Файзобод; Тоҷиддин Яъқубов, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи забонҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Абдулваҳҳоби Абдуманнон, докторанти ДМТ, собиқ устоди Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам, зодаи ноҳияи Восеъ; Қаҳҳоров Исмоил (Мулло Исмоил, домоди Тӯраҷонзодаҳо), шоир, узви Иттифоқи нависандагон, муаллифи чанд маҷмӯаи шеърӣ, ба мисли "Насимнома", зодаи шаҳри Ваҳдат; Мулло Қурбоналӣ, набераи Мулло Сафаралӣ, имомхатиби собиқи масҷиди Бохтар бо тақрибан 25 шогирдаш; Муҳаммадҷони Иброҳим, мудири Маркази ташхиси тиббии "Рӯҳафзо" дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе ва дигарон номбар мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.