Рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов имрӯз барои идомаи бозпурсӣ аз шуъбаи КДАМ-и ноҳия Шоҳмансури пойтахт ба бинои марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон интиқол шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Шоира Давлатова, сарвари Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон иттилоъ дод.
Далер Шарифовро дирӯз, 28-уми январ кормандони шуъбаи КДАМ-и ноҳияи Шоҳмансур барои бозпурсӣ даъват кардаанд ва ӯ то ҳол раҳо нашудааст. Баъд аз муроҷиати хешовандон Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон барои Далер адвокат таъмин кардааст. Аммо то ин дам ҳимоятгари ӯ Абдураҳмон Шарифов ба наздаш даромада натавонистааст.
Дар хусуси ин қазия Абдураҳмон Шарифов ба “Азия-Плюс” гуфт: “Ордер ва мактуби лозимаро ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ супоридем, то ин ки барои ҳимояи Далер иҷозат бигирем. Эҳтимол баррасии ҳуҷҷатҳои супоридаи мо 4-5 рӯз тӯл мекашад, вале ҳамарӯза бо кормандони КДАМ дар тамос шуда, аз вазъи Далер пурсон мешавем”.
“То ҳол маълумоте оид ба сабабҳои боздошти ӯро надорем. Танҳо баъд аз гирифтани ҷавоби расмии КДАМ ва пайдо кардани дастрасӣ ба мавод, ба ин масъала равшанӣ андохта метавонем”, - иброз дошт адвокат.
Яке аз хешовандони Далер Шарифов дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дирӯз намояндагони КДАМ аз китобхонаи шахсии манзили ӯ якчанд китобро номнавис ва протокол карда, бо худ бурданд.
“Онҳо ба хона омаданд ва аз китобхонаи шахсии ӯ китобҳои тоҷикӣ, русӣ ва арабиро гирифта, протокол карданд. Гуфтанд, китобҳоро тафтиш мекунем ва баъд аз бозпурсӣ ӯро ҷавоб медиҳем. Мо намедонем, Далер кай рафтааст, аз куҷо рафтааст. То ҳол мунтазирем”, - изҳор дошт ӯ.
Далер Шарифов собиқ муаллиф ва ровии намоиши “Муошират” дар телевизиони “Сафина” буд. Ӯ солҳои охир расман дар ягон ҷо кор намекард. Боздошти ӯ боиси нигаронии хешовандон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.