“Проблемаи рақами яки вилояти Суғд сарҳади қирғиз бошад, проблемаи дуюм – терроризму экстремизм”, - гуфт сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Абдулло Навҷувонов имрӯз, 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ.
Ба қавли ӯ, гурӯҳи экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯъи “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон) аз соли 1999 фаъолияти худро дар вилояти Суғд оғоз кардааст.
“Дар ин ҷо аз факултаи шарқшиносӣ бо маблағгузории шоҳигарии Арабистони Саудӣ сар карданд. Шаҳрвандони моро бурда, дар он ҷо тайёр мекарданд ва меоварданд. Дар байнашон донишомӯзон ва муаллимони донишкада буданд. Як қисмашон аз вилояти Суғд бошанд, бештари онҳо бо роҳбарони асосӣ аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон буданд”, - иброз дошт Навҷувонов.
Ӯ аз баёни шумораи аниқи дастгиршудагон бо гумони узвият дар “Ихвон-ул-муслимин” худдорӣ карда, афзуд, ки ин сирри тафтишот аст.
Абдулло Навҷувонов зимни суханронӣ оид ба натоиҷи соли 2019 аз ҷумла гуфт: “Баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои сарвари давлат ҳамагӣ 440 ҷинояти раванди террористӣ-экстремистӣ ошкор карда шуд. Ҳамчунин 52 нафар аъзои ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои террористӣ-экстремистӣ аз ҳисоби сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муайян ва дастгир карда шуданд. Бо роҳи гузаронидани суҳбату вохӯриҳои боварибахш 170 нафар аъзои иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои эктремистӣ, иштирокчиёни муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, аз ин шумора 82 нафар дар дохили худи вилоят ва 88 нафар аз хориҷи кишвар ба Ватан баргаштанд. Онҳо ихтиёран ба ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳозир шуда, бо ариза муроҷиат карданд. Ҳамаи нафароне, ки ихтиёран омаданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд. Барои иштирок дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ нисбат ба 75 нафар сокинони вилоят парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”.
Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд роҷеъ ба муноқишаҳо дар манотиқи наздимарзӣ гуфт: “Вобаста ба ин ҳодисаҳо то 16-уми декабри соли гузашта 27 нафар шаҳрвандони Қирғизистон дар кофтуков эълон гардида, 16 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Аз моҳи декабр то ҳолатҳои ахиран рухдода боз 6 парвандаи ҷиноятии дигар оғоз гардид. Аммо ҳаллу фасл кардани ин парвандаҳои ҷиноятӣ бисёр мушкил аст, чунки дастгир кардани як қирғиз боз проблемаи байни ду давлат мешавад”.
Вай аз собиқаи пайдоиши мушкилоти сарҳадӣ чунин ёдовар шуд: “Инро барои мо гузаштагон мерос монданд. Шумо таърихро бардоред, Бодканд ягон бор қирғизнишин набудааст. Қирғизро оварда, замин додем, ҷой додем, имрӯз барои мо проблема шудааст”.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр сарҳадоти муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он (60%) аломатгузорӣ шудааст. Дар ин ҳолат 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.
Долгая ночь. Сегодня отмечается праздник зимнего солнцестояния Шаби Ялдо
Как прошла Tarona Music Award-2024: на сцене, за кулисами мероприятия и не только
АБИИ выделил Таджикистану первые $270 млн на строительство Рогунской ГЭС
На российском рынке труда выросло число вакансий при нехватке персонала
«Стратегический стержень» Евразии. Что может дать Ваханский коридор странам, имеющим выход к нему
Что будут показывать таджикские театры на Новый год
В сборную Таджикистана перебралась легкоатлетка из России
Как Душанбе встречает Новый год?
Лидеры e-commerce и их секреты успеха. Кто ведет Таджикистан в цифровое будущее?
Правоохранители Таджикистана задержали подозреваемых в массовых убийствах в Канибадаме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста