Собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе истирдод шуд.
“Чанде қабл Хӯҷа Каримов аз Дубай ба Тоҷикистон истирдод шуд. Дар он ҷо ӯро бо дархости Тоҷикистон боздошт карданд. Айни замон ӯ дар Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМҶМ, УБОП) бозпурсӣ мешавад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон, ки нахост ному насабаш ифшо гардад.
Дар бораи истирдоди ӯ расонаҳои дигар низ хабар доданд, вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳоло расман ин маълумотро тасдиқ накардаанд.
Моҳи августи соли гузашта ВАО дар бораи боздошти “Хӯҷа-командир” дар Дубай бо дархости ҳукумати Тоҷикистон иттилоот нашр шуд, лекин баъдан ӯро бо гирифтани забонхат оид ба тарк накардани маҳалли зист ҷавоб доданд. Он замон дар ВКД Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ карда, изҳор дошта буданд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ҷиҳати истирдоди ӯ аз Дубай ба Душанбе ҳуҷҷат омода мекунанд.
Хӯҷа Каримов, бештар маъруф бо лақаби “Хӯҷа-командир” охири соли 2008 тариқи Интерпол мавриди ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ эълон шуд.
Он замон Тоҷикистон аз кишварҳои узви Интерпол дархост карда буд, ки дар ҷустуҷӯ, боздошт ва истирдоди гумонбар дар содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз қабили куштор, тамаъҷӯӣ, ғоратгарӣ мусоидат кунанд.
Тибқи фарзияи дафтари Интерпол дар Тоҷикистон, он замон Хӯҷа Каримов дар қаламрави Малайзия қарор дошт.
Ёдрас мекунем, ки Хӯҷа Каримов фармондеҳи саҳроии “Фронти халқӣ” буд. Солҳои 1992-1993 ба ҳайси муовини аввали бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва собиқ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон кор кардааст.
Моҳи ноябри соли 1998 ӯ дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ айбнома оид ба ташкили куштори вакилон Саидшо Шоев ва Тағай Шукуров пешниҳод гардид, аммо баъди чанде аз ҳабс озод шуда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Как таджикистанцам добраться до Доминики и что там посмотреть?
В Таджикистане выросла детская преступность
Рамазон Рахимзода подтвердил, что «Боим» задержан и доставлен в Таджикистан
Digital Fest 2025: главный образовательный форум Таджикистана соберет экспертов технологий будущего
Налоговый комитет Таджикистана назвал своих главных должников
Казахстан и Таджикистан создадут СП по производству подсолнечного масла
10 лет и 4 месяца. Стали известны новые подробности приговора Ахмаду Иброхиму
TIKA укрепляет инфраструктуру медицинского образования Таджикистана
Глава МВД заявил, что еще несколько человек находятся в розыске в связи с убийствами в Канибадаме
ЧП в колонии Вахдата, приостановка деятельности Фонда Ага Хана и проблемы с получением справок
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста