Дар доираи баргузории амалиёти навбатии “Корд” дар шаҳри Душанбе 70 силоҳи сард мусодира шудааст.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, амалиёти навбатӣ аз 1-ум то 7-уми март дар минтақаҳои гуногуни пойтахт гузаронида шуд. Дар ҷараёни он 13 нафар, аз ҷумла, 4 ноболиғ дастгир шуданд.
Аз онҳо дар умум 70 силоҳи сард, аз ҷумла, 67 корд, 2 табар ва 1 чӯбдаст (бита) дарёфту мусодира карда шуд.
Нисбат ба он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира гардид, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла, ҳабси маъмурӣ, нисбат ба волидайни ноболиғон протокол бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ ва таълиму тарбияи ноболиғон) ва нисбат ба дигарон ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.
Дар шумори онҳо Зафар Чиллаев, ки қаблан барои фурӯши силоҳҳои сард дар ҶДММ «Корвон плюс» боздошт гардида буд, дубора ба даст афтод. Аз ӯ қаблан 1650 адад силоҳҳои сарди гуногун дарёфту мусодира шуда буд. Номбурда такроран ба ин амал машғул шудааст, ки нисбаташ чораҳои таъсиррасони қонунӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ андешида шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 26 апреля 2024 года
Завтра в Душанбе временно перекроют некоторые участки дорог для транспорта
Каждая роль, сыгранная ею – шедевр. Памяти Тухфы Фазыловой
Как распространяется корь и как предотвратить её?
В Германии пятерым таджикистанцам предъявлены обвинения в создании террористической организации
Сбор и сортировка мусора: Таджикистан принимает участие в «Евразийском Кубке Чистоты»
Задолженность по зарплате в Таджикистане превысила 2,5 млн долларов
Из 21 века в сказку древних времен. Интересные факты о «Худжандской крепости»
В Таджикистане свыше 142 тыс. сомони похищено при строительстве столовой в Центре тестирования
В Душанбе состоится конференция женщин журналисток
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста