Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасии парванда нисбат ба рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифовро ба муҳлати ду рӯз мавқуф гузошт. Мурофиа бояд имрӯз баргузор мешуд, аммо ба 15-уми апрел гузаронида шуд.
Имрӯз дар назди бинои додгоҳ рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва хешону наздикони Далер Шарифов ҷамъ омаданд. Аммо адвокати журналист Абдураҳмон Шарифов хабар дод, ки бинобар ҳузур надоштани прокурор мурофиа баргузор намешавад.
“Бо сабаби номаълум прокурор ҳузур надошт, аз ин рӯ, мурофиаро ба рӯзи 15-уми апрел, соати 10:00 мавқуф гузоштанд. Кушода ё пӯшида баргузор шудани мурофиа ҳоло ҳам маълум набуда, ин ба судя вобаста аст. Ба фикрам, дар ин парванда ҳея як сирри давлатӣ нест”, - қайд кард адвокат.
Ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова низ миёни ҷамъомадагон дар назди бинои суд ҳузур дошт.
“Мо ин ҷо аллакай 2-3 соат истодаем, лекин касе баромада нагуфт, ки мурофиа имрӯз баргузор намешавад. Ин беҳурматӣ нисбат ба мардум ва низоми судӣ аст. Низоми судӣ аз эҳтиром сар мешавад. Ман коршинос нестам, лекин ҳамчун ҳуқуқшинос ба шумо мегӯям, ки чанде аз мақолаҳои Далерро хонда, дар онҳо ҳеҷ гуна аломатҳои ҷиноятро надидам”, - гуфт ӯ ба “Азия-Плюс”.

Ёдрас мекунем, ки рӯзноманигор Далер Шарифов 28-уми январи соли равон боздошт ва 24-уми март нисбат ба ӯ бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ айбнома эълон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Футболист из Таджикистана официально перебрался в первую лигу России
Казахстан втрое сократил импорт таджикского лука и чеснока
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 13 марта 2025 года
Икбол Завкибеков: «Надо любить то, чем занимаешься»
ФСИН: 70% иностранцев в колониях России – граждане стран Центральной Азии
Иранская авиакомпания запустит спецрейсы между Душанбе и островом Киш
США возобновили поставки оружия Украине
«Рыба для товарища Черчилля». В Таджикистане снят фильм о героизме таджиков во Второй мировой войне
Стало известно, когда будет открыта граница между Таджикистаном и Кыргызстаном
«Хабаровские авиалинии» изменили правила перевозки детей мигрантов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста