Суди шаҳри Душанбе рӯзи 9 июл нисбат ба айбдоршаванда шаҳрванд Юсуф Зиёев, сокини пойтахт ҳукм содир намуд.

Бино ба иттилои сомонаи Суди шаҳри Душанбе, Юсуф Зиёев дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 138, қисми 3 , банди “а” (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 139 (Ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ) ва 127 (Дар хатар монондан)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф гардид.

Бо қарори суди шаҳри Душанбе Юсуф Зиёев ба ҳукми ҳабси абад бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми махсус маҳкум шуд.

Мурофиаи додгоҳии таҷовузгар 3-юми июл оғоз шуда, пушти дарҳои баста ҷараён гирифт.

Ҷузъиёти парванда эълон нашудааст. Танҳо маълум аст, ки духтарча зинда аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.