Абумалик Қодиров, собиқ роҳбари дафтари “Интернюс дар Тоҷикистон” ин ташкилотро барои “беасос аз вазифа барканор карданаш” ба додгоҳ кашидааст. Мурофиаи пешакӣ бо иштироки ҷонибҳо рӯзи 23-юми июл дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор шуд.
Бахтиёр Насруллоев, ҳимоятгари Қодиров мегӯяд: “То имрӯз миёни мо ва “Интернюс” барои ба созиш омадан гуфтушунид буд. Лоиҳаи созиш омода ва тарафҳо барои имзо кардани он тайёр буданд, лекин тарафи кордеҳ, яъне “Интернюс” имзои ин созишномаро бо ҳар баҳона кашол медод ва ахиран чунин шартҳое гузошт, ки мо маҷбур шудем, аз он даст кашем”.
Абдумалик Қодиров, ки аз соли 2016 инҷониб роҳбари дафтари тоҷикистонии ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалии “Интернюс”-ро ба уҳда дошт, моҳи марти соли ҷорӣ аз вазифа барканор шуд. Ба иддаои ӯ, қарори аз вазифа озод кардани ӯ хилофи қавонини меҳнати кишвар ва низомномаи ин ташкилот аст.
“Дар раванди аз кор гирифтани ман хатоҳои ҳуқуқии зиёде сурат гирифта буд, бинобар ин, ман ба суд муроҷиат кардам. Иддаои ман барқарор карданам дар ҷойи кори пешинаам ҳаст. Чун ман ҳисоб мекунам, ки маро ноҳақ аз кор гирифтаанд”, - изҳор дошт Қодиров.
Камолиддин Муҳаммадов, намояндаи “Интернюс” дар мурофиаи судии дирӯза аз мусоҳиба бо хабарнигорон худдорӣ кард. Ӯ дар бораи мурофиа танҳо гуфт: “Барканории Қодиров дар доираи қонун сурат гирифтааст. Ин як баҳси одии меҳнатӣ аст. Албатта, хулосаи ниҳоиро суд хоҳад баровард”.
“Интернюс” ташкилоти ғайритиҷоратии байнулмилалиест, ки аз соли 1995 дар Тоҷикистон дафтар дорад ва фаъолияти он асосан ба дастгирии ВАО равона шудааст. Дафтари марказии он дар ИМА қарор дошта, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон намояндагии минтақавӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад.
Баҳси Абдумалик Қодиров бо “Интернюс” бобати барканор шуданаш аз вазифаи роҳбарӣ барои ин ташкилот ҳодисаи бесобиқа нест. “Интернюс” солҳои 2002 - 2003 ҳамчунин як қазия бо сарвари онвақтаи тоҷистонияш Баҳодур Қосимов дошт. Он замон кор то ба додгоҳ нарафта буд ва ҷонибҳо бо ҳам созиш карданд.
Абдумалик Қодиров аз камтарин шореҳони тоҷик аст, ки рӯйдодҳои сиёсии кишварро баррасӣ мекунад. Аз соли 2011 то ба “Интернюс” омаданаш ӯ роҳбари Намояндагии созмони байнулмилалии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Тоҷикистон буд.
Аввали моҳи майи соли ҷорӣ Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик Абдумалик Қодировро барандаи ҷоизаи “Бунёнгузор” ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур барои саҳмгузорӣ дар бунёди тарҳҳои гуногуни расонаӣ эълон кардааст.
Крушение самолета Azerbaijan Airlines: Баку требует от Москвы признания вины, наказания виновных и выплаты компенсаций
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 30 декабря 2024 года
Любовь, страсть и смерть на сцене таджикского театра
Из Москвы в Сталинабад за 75 часов. История первого экспресса
Люди, которые прославили Таджикистан в 2024 году
«Постоянное стремление к совершенству». Как труд одного человека приводит компанию к развитию
Запрещенный список: что категорически нельзя дарить на Новый 2025 год
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 29 декабря 2024 года
Путин извинился перед Алиевым за «инцидент» с самолетом Azerbaijan Airlines
Долой проверки бизнеса, Рогун достроим, нужны кадры и плохое воспитание детей. Что еще сказал президент в послании?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста