Суди шаҳри Хуҷанд Фирдавс Иномзодаро, ки бо лату кӯби доимии фарзандонаш ва ба ин васила аз ҳамсари дар муҳоҷират қарордоштааш ҷудо шуданӣ буд, ба 2 соли зиндон маҳкум кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти суди шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Иномзодаи 34-сола дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 174 КҶ ҶТ (Иҷро  накардани  уҳдадорӣ оид  ба тарбияи ноболиғ) гунаҳкор дониста шуда, ба 2 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум шуд.

Охири моҳи майи соли равон маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки нисбати Фирдавс Иномзода мутобиқи моддаи 117 КҶ ҶТ(Азобу уқубат) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ ҷазои 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Он замон зикр гардида буд, ки зимни бозпурсии аввал ӯ изҳор доштааст, ки фарзандонро барои тезонидани аз модарашон ҷудо шудан лату кӯб мекардааст. Модарашон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, ба номи ҳамсараш барои баровардани эҳтиёҷоти фарзандонаш доимо пул мефиристодааст.

Сурат: маркази матбуоти ВКД ҶТ

Мавриди зикр аст, ки Фирдавс Иномзода соли 2017 ба иттиҳоми ба муомилот баровардани пулҳои қаблакӣ маҳкум шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.