Додгоҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Исанов Турғунҷон Жураевичро барои таҷовуз ба номуси духтарандар ва писарандараш барои як умр аз озодӣ маҳрум кард.
Ҳукми додгоҳро торнамои ДодгоҳиДушанбе нашр кардааст ва дар он гуфта мешавад, ки Исанов бо шаҳрванд Зарина Соева, ки баъди ҷудо шудан аз ҳамсари аввалаш дар тарбия худ ду фарзанди ноболиғ доштааст, никоҳи мусалмонӣ карда, зиндагии якҷоя доштаанд. Ҳамчунин аз ин зиндагии муштарак як фарзанд низ доштаанд.
Бино ба навиштаи торнамои Додгоҳи Душанбе, ин ниҳод муайян кардааст, ки Исанов аз вазъияти набудани ҳамсараш дар хона истифода карда, нисбат ба фарзандони ҳамсараш - духтару писари ноболиғ ҳаракатҳои бадахлоқонаи ҷисмонӣ содир намуда, борҳо ба номусашон таҷовуз кардааст.
Дар навиштаи торнамои додгоҳ омадааст, ки Исанов ноболиғонро таҳдид кардааст, ки аз ин амалкардҳои ӯ ба модарашон шикоят набаранд.
Додгоҳ бар асоси далелҳои овардааш Исанов Турғунро бар пояи моддаҳои 138, қисми 3, банди “а” ва 139, қисми 4 ,банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро ҳабси якумра кардааст, ки ҷазоро дар муассисаии ислоҳии дорои низоми махсус, адо мекунад.
Ҳанӯз назари ҷонибҳои ин қазияи додгоҳӣ барои расонаҳо муълум нест, вале додгоҳ гуфтааст, ки ташхиси тиббиву додгоҳӣ мавридҳои таҷовуз ба номуси ҳар ду ноболиғро таъйид кардааст.
Ин ҳукми Додгоҳи Душанбе алайҳи Исанов дар ҳолест, ки моҳҳои ахир чандин ҳодисаи таҷовуз ба номуси ноболиғон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Чанде пеш Додситони кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки Юсуф Зиёев, як шаҳрванди дигар барои таҷовуз ба номуси як кӯдаки 3-сол низ ба ҳукми ҳабси абад маҳкум шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Их всего 0,001%: Краткий визуальный анализ самых богатых людей мира
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 января 2026 года
Варзобская ГЭС – первая промышленная электростанция Таджикистана
Что год 2026-й нам готовит: каким будет новый сезон в спорте
Рекордный снегопад в Москве: такого не было полвека
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
«Дюна», «Нарния» и «Голодные игры: Рассвет жатвы»: Самые ожидаемые фильмы 2026 года
В Таджикистане открылось трансферное окно: первые потери лидеров
Кого критиковал Эмомали Рахмон в 2025 году?
Трамп объявил о планах проведения сухопутной операции США против наркокартелей Мексики
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста