Тӯли 12 рӯз дар шимоли Тоҷикистон аз муштариёни шабакаҳои барқ 6 млн 721 ҳазору 258 сомонӣ маблағҳои қарзи барқ ситонида шуда, 982 қонунвайронкуниҳо дар кори истифодаи барқ ошкор шудааст. Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ин натиҷаи фаъолияти 89 гуруҳи кории созмонёфта аст, ки ҳадафашон тарғиби сарфакорӣ, ошкоркунии ҳолатҳои ғайриқонунӣ истифодаи барқ ва рӯёнидани қарзи он мебошад.
Як манбаи муътамад аз Раёсати корҳои дохилии Суғд ба “Азия Плюс” гуфт, ки ин гурӯҳи созмонёфта аз 10 то 21-уми декабр дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят санҷишҳои вижаро анҷом доданд. Ӯ гуфт, дар натиҷаи ин санҷиш 982 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи нодурусти барқ ошкор шудааст. Аз он 53 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ бо моддаи 473 “риоя ё иҷро накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор” ва 929 ҳолати дигар бо моддаҳои 404 ва 382 “риоя накардани қоидаҳои муҳофизатии шоҳқубурҳо” ва “риоя накардани қоидаҳои истифодаи барқ”-и Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ 20 ҳазору 486 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.
“Санҷиш дар корхонаву муассисаҳо, хонаҳои баландошёна, навсохт, бозору марказҳои савдо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, нонвойхонаҳо, ҳаммом ва дигар иншоот гузаронида шуд. Ҳолатҳое ҳаст, ки муштариёни барқ дар натиҷаи истифодаи нодурусти барқ аз ҷониби шабакаҳои барқӣ ҷарима шудаву лекин маблағи онро нозири барқ нарӯёнидааст ва ё қарзҳои барқ боқӣ монда буд, ки ин гуруҳи корӣ онҳоро рӯёнид. Мақсади ягона сарфакорӣ ва истифодаи самараноки барқ аст”.
Аммо ин манбаъ мегӯяд, ин гурӯҳи корӣ, ки аз ҷониби Раёсати корҳои дохилӣ созмон ёфта буд, дар натиҷаи санҷишҳо ягон ҷиноят дар самти барқрасониву истифодаи онро ошкор накардааст.
Дар Тоҷикистон бо дастури раисҷумҳур Ситоди ягонаи байни ниҳодҳо ташкил шудааст, ки истифодаи сарфакорона аз барқро назорат мекунад ва бо мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Ин ситодро вазири корҳои дохилӣ ва дар маҳалҳо раёсату шуъбаҳои ВКД раҳбарӣ мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
2 года без проверок. Эмомали Рахмон пописал Указ о моратории на все виды проверок предпринимателей
Топ самых используемых приложений, которые облегчили нам жизнь в 2024
Еще жарче: 2024 год стал самым теплым за всю историю наблюдений с 1850-х
«Манчестер Сити» купит узбекского футболиста за рекордную сумму
Global Firepower: Таджикская армия остается самой слабой в Центральной Азии
Франция и Таджикистан: укрепление связей продолжится и в 2025 году
Папа может! Что такое вовлеченное отцовство и почему важно, чтобы оно было в Таджикистане?
Иранская компания планирует производить лифты в Душанбе
В Лос-Анджелесе число жертв пожаров достигло 10 человек
В МВД России отметили снижение количества совершенных мигрантами преступлений
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста