Кормандони милитсияи пойтахт сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳунро ба гумони даст доштан дар ин куштор боздошт карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда шаби 15 феврал дар кӯчаи Деҳотии пойтахт ҳангоми дар дохили автомашинаи “Хундай-Солярис” қарор доштан ба ронандаи он бо корд ҳамла мекунад. Ронандаи ин автомашина ба мусофиркашонӣ машғул будааст.
“Ӯ бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ронандаи 41-сола, қисми гардан, қафаси сина аз пешу қафо бо корд зиёда аз 42-маротиба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - омадааст дар хабари ВКД.
Гуфта мешавад, дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Пештар аз шарҳи ВКД дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое дар гардиш буд, ки гӯё ин ҳодиса бар сари роҳкирои таксӣ рух додааст, ки гумонбар аз пардохти 20 сомонӣ ҳаққи роҳкиро саркашӣ кардааст. Аммо ВКД ин фарзиро рад мекунад ва ба "Азия-Плюс" аз ин ниҳод гуфтанд, ки тафтишот далели сар задани ҳодисаро ошкор мекунад
Ба кормандони милитсия муяссар шудааст, ки гумонбар дар қатлро боздошткарда, ба ҳабс гиранд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот ҷараён дошта, мақсаду сабабҳои куштори ваҳшиёна таҳқиқ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Защита от смерти и страхование жизни: как снизить уязвимости к климатическим потрясениям?
$2,5 за порцию и выше. Индекс плова и рост цен в странах Центральной Азии
Физик, преданный науке. Иному Бободжанову – 90 лет
Главные инвесторы Таджикистана в 2024 году
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 февраля 2025 года
Корейское SPA для волос: секрет популярности и лучшие места в Душанбе
Reuters: США пригрозили закрыть Украине доступ к Starlink
Таджикский велогонщик выиграл две медали на чемпионате Азии-2025
Таджикистанка прошла в финал международной премии Women Changing the World Awards
В армии Узбекистана появится подразделение по борьбе с дронами и кибервойска
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста