Сардори Дастгоҳи алоқаи махсуси махфии зершӯъбаи алоқаи Комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон барои бо роҳи фиреб гирифтани пора бо ваъдаи аз хизмати ҳарбӣ озод намудан боздошт гардид, хабар медиҳад Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, Раҷабалӣ Дӯстов бо истифода аз ваколати хизматӣ бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд “А” барои аз хизмати ҳарбӣ озод намудани бародараш маблағи 22 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 22 ҳазор сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Раҷабалӣ Дӯстов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, ба Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд. Мутобиқи ин моддаи қонун ба ӯ то 8 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Ёдрас мекунем, ки аз 1 октябр дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз гардида, то имрӯз нисфи нақшаи даъват иҷро шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.