Иззат Амон, ҳомии зиндонии ҳуқуқи муҳоҷиронро мақомоти Тоҷикистон барои адои ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба маҳбасе дар шаҳри Душанбе бурдаанд.
Дар ин бораи радиои "Озодӣ" бо такя ба писари маҳкумшуда Муҳаммадюсуф Холов хабар медиҳад. Писари Иззат Амон рӯзи 9-уми декабр гуфтааст, ки падараш дар зиндони воқеъ дар маҳаллаи маъруф бо номи "Якум Советский" нигаҳдорӣ хоҳад шуд.
Дар Вазорати адлия ҳам ба манбаъ гуфтаанд, Иззат Амон то ду ҳафтаи дигар дар ин зиндон дар карантин мемонад ва сипас бо шароити иқомат дар онҷо шинос карда мешавад.
Иззат Амон рӯзи 19 октябр, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Аз ин пештар, вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ карда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад.
16-уми ноябри имсол Додгоҳи Олии Тоҷикистон зимни баррасии наздикони Иззат Амон ҳукми зинаи поёнии додгоҳро бетағйир гузошт.
Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таджикистан и Афганистан подписали контракт на поставку электроэнергии в 2025 году
Банки Узбекистана и Казахстана прекратили обслуживать выпущенные Газпромбанком карты UnionPay
Как реформируют свою милицию страны Центральной Азии
130 победителей. Кто они – лауреаты конкурса «Книга – мудрости зари сиянье»?
В Таджикистане создали штаб по цифровизации госуслуг и безналичных расчетов
В Кыргызстане законом запретили электронные сигареты. А как в Таджикистане?
Таджикистан и Узбекистан отменили разрешения на взаимные грузоперевозки
У спасателей Таджикистана появился свой полигон и новый офис
В Кыргызстане задержан автор письма с угрозами в адрес главы ГКНБ
Таджикистан и Россия договорились о запуске нового автобусного маршрута Новосибирск-Худжанд
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста