Додситонии шаҳри Хуҷанд парвандаи дӯкони мурғибирёнфурӯшии “Афғонбозор”-ри ин шаҳрро ба додгоҳ ирсол намуд. Оғози моҳи декабри соли гузашта дар пайи заҳролуд шудани даҳҳо нафар аз истеъмоли "грил"-ҳои ин нуқта, идораи беҳдоштии вилоятиСуғд ба дари ин дӯкон мӯҳр зада буд.

Аз додситонии шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи ду нафар боз шуда ба додгоҳи ин шаҳр ирсол шуд. Онҳо аз руйи моддаи 207, қисми яки Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки аз беэҳтиётӣ боиси бемории оммавӣ ё заҳролудшавии одамон гардидааст) айбдор мешаванд.

Ин моддаи қонун аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ ҷарима, ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлатро пешбинӣ мекунад.

Рӯзи 14-уми декабри соли гузашта Додситонии шаҳри Хуҷанд аз ин соҳибкор Мӯҳсинҷон Тоҷибоев ном бурда, гуфта буд ҳамроҳи аъзои хонаводааш “бо пухтупази гӯшти пастсифати мурғ машғул буд ва талаботи санитарию эпидемиологиро дағалона вайрон кардааст”.

Назари соҳиби ин нуқтаи мурғбирёнфурғшӣ дар мавриди қазияи заҳролудшавии мардум ва  боз шудани парванда  то кунун барои расонаҳо дастрас нест. 


Манобеи “Азия-Плюс” мегӯянд, аз истеъмоли мурғбирёни пастсифат ва ғайрисанитарии соҳибкорон беш аз 50 кас заҳролуд шуда, даҳҳо тани онҳо дар Беморхонаи касалиҳои сироятии №4-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бистарӣ шудаанд. Заҳролудшудагон сокинони шаҳри Хуҷанд, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд.  

Мақомот гуфта буд, соҳибкор ва аъзои оилаи ӯ ҳангоми хизматрасонӣ бидуни гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ гӯшти мурғро омода карда онро дар дохили зарфҳои пластикӣ ва оҳанини дорои бактерияҳои “Экологӣ” ва дигар микрофлораҳои зараровар бо истифодаи хамира ва омехтаи помидор, қаланфури булғории хушккардашуда коркард карда, дар тафдони махсус пухта ба мизоҷон пешниҳод кардааст.

Таҳқиқи ин ҳодиса баъди он оғоз шуд, ки чандин нафар бо нишонаҳои дарунравӣ, қайкунӣ ва ҳарорати баланд ба Идораи беҳдоштии вилояти Суғд муроҷиат карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.