Вазорати корҳои дохилӣ дар як изҳорот Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдураҳмон 09-ро ба ифротгароӣ муттаҳам кард. Пайвандонаш Шоҳида Маҳмадҷоноваро аз рӯзи 3-юми феврал ба ин сӯ ӯро мекофтанд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, нисбати шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна, соли таваллуд 15.04.1977, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, бинои 16, ҳуҷраи 20, тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси ҷинояти Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Ин моддаи кодекси ҷиноӣ аз панҷ то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин ВКД хабар медиҳад, ки фарзанди дастгиршуда Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович, блогер ва ё ин ки опозитсионер набуда, балки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
ВКД ҳамчунин гуфтааст, ки "барои ташкили вохӯрии дастгиршуда бо пайвандон шароит фароҳам оварда шуда, барои қабул ва таъмини ғизо мушкилӣ ҷой надорад",-ин дар ҳолест, ки пайвандони Шоҳида Маҳмадҷонова се давоми панҷ рӯзи ахир аз макони буду боши ӯ хабар надоштанд ва ӯро мекофтанд.
Пайвандони Маҳмадҷонова барои то дирӯз барои пайдо кардани ӯ ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон муроҷиат карда буданд ва ин созмон барои пайдо кардани ӯ ба мақомот мактуб ирсол кард буд.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бар асоси шикояти шавҳари Шоҳида Маҳмадҷонова, ки гуфта мешавад чанд рӯз боз нопадид аст, барои муайян намудани макони нигоҳдорӣ ва таҳқиқи қазияи ӯ вакили дифоъ ҷудо кардааст. Дар ин бора аз Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба “Азия-Плюс” дирӯз хабар доданд.
Шоҳида Маҳмадҷонова модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдураҳмон 09 аст, ки аз 3-юми феврали соли 2022 баъди рафтан барои гирифтани телефонаш аз як корманди ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бедарак шуда буд.
Идимо Маҳмадҷонова аз нопадид шудани духтураш нигарон буд ва чанд рӯз, дар ба дари мақомот Шоҳидаро мекофт.
Ӯ зимни суҳбат, баъд аз зуҳри дирӯз бо “Азия-Плюс” гуфта буд, “то ба ҳол аз духтараш ҳеҷ хабаре надоранд”.
Ӯ дирӯз гуфт, барои пайдо кардани духтараш онҳо, рӯзи 7-уми феврал ба Дастгоҳи иҷроияи президент, Додситонии кул ва Омбудсмен мактуб исрол карданд ва аз онҳо хоҳиш намуданд, ки макони нигоҳдории ӯро муайян намоянд.
Қазияи модари Абдураҳмон 09
Панҷ рӯз нопадид ё бедарак будани Шоҳида Маҳмадҷонова дар ҳоле буд, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, кормандони пулис ҳақ доранд шахсро танҳо то 72 соат боздошт ва нигоҳ доранд. Баъди ин ё қарори додгоҳ барои ҳабси гумонбаршуда содир мешавад ё шахс бояд озод гардад.
Аммо ВКД дар изҳороташ ин паҳлӯи қазияро шарҳ надодааст ва нагуфтааст, ки Шоҳида Маҳмадҷоноваро кай боздошт кардааст ва то ин вақт ӯ дар куҷо буд.
Шерзод Маҳмадҷонов ё Абдураҳмон 09 дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” даъватҳои модараш аз сӯйи мақомот ва ҳодисаи ахирро ба фаъолияти блогерии худ ва нашри наворҳои интиқодиаш дар мавриди сатру ҳиҷоб ва дигар ҳуқуқҳои динии шаҳрвандони Тоҷикистон ва интиқодҳо аз мансабдорони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ рабт медиҳад.
Ин блогери ҷавон, ки ҳоло дар Олмон паноҳанда аст, ба мақомот, аз ҷумла масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент, ВКД, Кумитаи дин ва ниҳодҳои дигар занг зада, дар бораи сатру ҳиҷоб баҳс карда, сабти ин суҳбатҳоро дар Интернет мегузорад.
Шерзод Маҳмадҷонов бовар дорад, ки маҳз танқидҳои ӯ сабаб шудааст, ки ба модараш фишор биёранд. Ба иддаои Шерзод, мақомот аз модари ӯ талаб кардаанд, ки аз писараш бихоҳад, то ба Тоҷикистон баргардад ва ӯро афв мекунанд.
Аввали соли 2020 низ Шоҳида Маҳмадҷоноваро дар бемористони шаҳри Ваҳдат аз кор ронда буданд. Масъулони бемористон он вақт гуфта буданд, ки ӯ бо хоҳиши худ ариза навишт, аммо писараш гуфта буд, ки модарашро барои интиқодҳои ӯ аз кор ронданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ловушка для Тамкин. Или почему женщины в Таджикистане должны за себя постоянно бороться?
Как оформить банковскую карту в Таджикистане, а забрать - в России
«Не победила, но гордо представила свой народ». Сабрина Зухурова о своём участии в конкурсе Miss CosmoWorld
Власти Узбекистана планируют трудоустроить в развитых странах свыше 200 тысяч узбекистанцев
Ряд населенных пунктов ГБАО получили статус села, а некоторые переименованы
Чартерные полеты внутри Таджикистана: подробности от «Таджик Эйр»
"Кубок Евразии": триумф самбистов Таджикистана
«Мы живем в самой большой стране мира, но нас мало». Песков объяснил, почему России нужны мигранты
В Душанбе открылась сеть автомоек самообслуживания: быстро, удобно, экологично
Международные аэропорты в Таджикистане обязали платить авиавластям 10 центов за каждого пассажира
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста