Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд дар натиҷаи як санҷиш дар ноҳияи Файзобод қонуншиканиҳои зиёдеро дар самти тақсим ва истифодаи замин ошкор карда, нисбати ду мансабдори ин ноҳия парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Дар ин бораи Додситонӣ дар сайти худ матлабе нашр кардааст.
Додситонӣ навиштаст, ки “раиси ноҳияи Файзобод бо қарорҳои ғайриқонунии худ аз ҳисоби заминҳои таъиноти кишоварзӣ барои сохтмони ҳаргуна иншоот ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо карда додааст”.
Ин ниҳод гуфтааст, раиси ноҳия аз ҷумла, солҳои 2019-2020 бо 4 қарори ноҳия 0,43 гектар замини таъиноти кишоварзиро ғайриқонунӣ ба 4 шаҳрванд ҳамчун замини наздиҳавлигӣ додааст.
Ба ғайр аз ин, раиси ноҳия дар ин давра бо 3 қарори худ майдони 1 гектар заминҳои нақлиёти ноҳия, ки ба корхонаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия тааллуқ дошт ба 11 нафар ва майдони 0,26 гектар замини солимгардонӣ, ки ба шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия тааллуқ дошт ба 2 нафар барои сохтмони манзили истиқоматӣ ғайриқонунӣ ҷудо карда додааст, - менависад Додситонии кул.
Додситони кулли Тоҷикистон ҳамчунин, ҳолатҳои ба сокинони дигар ноҳия додани замин ва ба онҳое, ки ба замин эҳтиёҷ надоранд, хабар додааст. Аз ҷумла гуфтааст, ки “ба 6 нафар шаҳрванде, ки дар рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷманд набуда, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо мебошанд, бо қарорҳои раиси ноҳия ҳамчун оилаҳои эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст”.
Ба навиштаи ин ниҳод, дар натиҷаи санҷиш қарорҳо бекор ва заминҳо ба ҳолати аввала баргардонида шуданд.
Аммо бо вуҷуди зикр шудани чандин қарорҳои ғайриқонунии раиси ноҳияи Файзобод, Додситонии кул нагуфтааст, ки барои ин амалҳояш нисбати раиси ноҳияи Файзобод чӣ чора андешида шудааст.
Дар матлаби нашркардаи Додситонии кулл, аз раиси ноҳияи Файзобод, ки дар тақисми ғайриқонунии замин гунаҳкор карда мешавад, ном бурда намешавад. Аммо ҳоло раиси ноҳияи Файзобод Бобишо Холзода аст, ки моҳи ноябри соли 2020 ба ин мансаб таъин шуд. Аз ӯ пештар, Миралӣ Раҷабзода раиси ин ноҳия буд.
Ин ниҳод ҳамчунин, ҳолатҳои хариду фурӯши заминро аз ҷониби мансабдорони ин ноҳия ошкор кардааст.
Аз ҷумла, собиқ раиси кумитаи идораи замини ноҳияи Файзобод, Ҳасанов И.И. 1,68 га замини кишоварзиро дар ҷамоатҳои деҳоти Вашгирд, Меҳробод ва ба номи Дустмурод Алиев ба 27 шаҳрванд ғайриқонунӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда додаанд.
- Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бедил»-и ноҳия Раҳимов Қ.Қ. дар шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулки фермаи комплексии сохтмонаш нотамом харидорӣ намудааш масоҳати умумии қитъаи заминро, ки 5,50 гектарро ташкил медод, бо роҳи сохтакорӣ 15,50 гектар нишон дода, сипас майдони 3,0 га замини таъиноти кишоварзӣ (намуди чарогоҳ) бо роҳи сохтакорӣ аз худнамудаашро ба 33 нафар шаҳрванд ғайриқонунӣ бар ивази 285 ҳазор сомонӣ, 120 000 рубли русӣ ва 8 ҳазору 800 доллари ИМА ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхтааст, - гуфтааст Додситонии кул
Нисбати Ҳасанов И.И. ва роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ.Қ. барои ғайриқонунӣ додани замин, қаллобӣ ва сохтакории шаҳодатномаи конунгардонии молу мулк парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Бинобар баргардонидани зарар истеҳсолоти суд нисбати Ҳасанов дар асоси қонуни авф қатъ карда гардидааст.
Роҳбари ХД “Бедил” Раҳимов Қ.Қ. 96 ҳазору 280 сомонӣ ҷарима гардид.
Российский ученый поставил под сомнение прогнозы о существенном обмелении Амударьи
Таджикистан в ноябре увеличил экспорт электричества на 10,5%
Каждый седьмой гектар земли в Таджикистане страдает от засоления
Год таджикского мигранта: боль, унижения и нарушение прав
Российские аналитики определили главные вызовы для стран Центральной Азии
«Теперь лезут через заборы». В Душанбе демонтировали 17 пешеходных переходов
В Душанбе стартовали предновогодние ярмарки с продуктами по сниженным ценам
Кто они – новые заместители Эмомали Рахмона в НДПТ?
УМВД: В компьютерном центре в Душанбе подростки употребляли наркотики
Президент Грузии Саломе Зурабишвили отказалась уходить с поста и потребовала назначить новые выборы парламента
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста