Дар доираи баргузории амалиёти “Корд” дар Душанбе рӯзи 30 июн се нафар ҷавонон ва ду нафар наврасон боздошт гардида, аз онҳо корд ва электрошокерҳо мусодира шуданд.
Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз боздоштшудагон 24 корд ва 4 электршокеру кастет дарёфт ва мусодира шудааст.
Аз ҷумла аз дӯкони савдои Амир Музаффарови 24-сола дар бозори “Варзоб” 16 корд ва 1 электрошокер, аз соҳибкор Алишер Алимбоеви 30-сола дар бозори “Ганҷина” 3 электршокер ва 7 корд мусодира гардидааст.
“Нисбати онҳо маводи зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасии минбаъда ба мақомоти судӣ ирсол шуданд”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Гуфта мешавад, дар рафти чорабинӣ сокини 27-солаи пойтахт, ки қаблан бо моддаи 244 КҶ ҶТ (Дуздӣ) маҳкум шудааст, барои бо корд дар кӯчаҳо сайругашт кардан боздошт шудааст.
Нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби суд ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъин карда шуд.
Ҳамин рӯз инчунин ду нафар наврасон боздошт шудаанд, ки аз онҳо корд ва электрошокер дарёфт шудааст.
“Вобаста ба ин нисбати волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол карда шуд”, - хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.
Қобили зикр аст, ки амалиёти “Корд” муддати чор сол инҷониб барои ошкор ва мусодира намудани яроқи сард, аз қабили корду кастет, электршокер ва ғайра аз аҳолӣ, бахусус ҷавонон роҳандозӣ шудааст.
Амалиёт бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва содир гардидани ҷиноятҳо байни ҷавонон бо истифода аз силоҳи сард гузаронида мешавад.
Дар ин маводи мо дар бораи чӣ гуна тайёр кардани кордҳо, манъи фурӯши кадом навъҳои он ва ҷазои пешбинишуда барои касоне, ки бо яроқи сард гаштугузор мекунанд, маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.
«Я всё еще не могу понять эту актёрскую профессию и ищу в ней что-то неизведанное». Хошиму Гадо 87 лет
Коалиция против пыток в РТ: в 2023 году документировано 16 обращений от предполагаемых жертв пыток
Сотни мигрантов из Таджикистана не смогли получить патенты в Санкт-Петербурге
Таджикистан и Кыргызстан договорились усилить разъяснительную работу в приграничных районах
Таджикистан и США подписали документ о внедрении системы для регулирования передвижения террористов
Как таджикский ветеран нашел своих освободителей из лагеря Освенцима
Таджикистан и Китай планируют модернизацию «Таджикского алюминия», строительство эстакад и реконструкцию дороги до Кульмы
Армения отказалась от финансирования ОДКБ в 2024 году
Дзюдоисты Таджикистана примут участие в двух важных турнирах перед Олимпиадой-2024
В ГБАО сошла лавина, а в Нурабаде – сель
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста