Дар Бекободи Ӯзбекистон занеро боздошт намуданд, ки мехост ба Тоҷикистон ғайриқонунӣ 90 ҳазор долларро гузаронад, хабар медиҳад Podrobno.uz бо истинод ба Хадамоти амнияти давлатӣ. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ин бори аввал нест, ки зан ба чунин амал даст задааст.
“Зани сокини 43-солаи Бекобод (вилояти Тошканд) қаблан барои кӯшиши тариқи гузарогоҳи “Фарҳод” ба Тоҷикистон интиқол додани 20 ҳазор доллар, ки дар пойафзолаш пинҳон шуда буданд, боздошт шуда буд”, - хабар додаанд аз Хадамот.
Гуфта мешавад, дар замоне, ки тафтишоти пешазсудӣ оид ба ин ҳодиса ҷараён дошт, зан кӯшиш кардааст, ки боз 70 ҳазор долларро ба Тоҷикистон гузаронад.
Ин дафъа ӯ пулро дохили сарулибосаш пинҳон кардааст. Ӯ боздошт ва нисбаташ мутобиқи моддаи 182 Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (вайрон кардани қонунгузории гумрук) парвандаи ҷинятӣ боз шудааст.
Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ боздоштшуда хабар додааст, ки қисмати зиёди пул ба шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дошта, барои интиқоли пул ба ӯ як маблағи муайяне ваъда кардаанд.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи қонунгузории Ӯзбекистон, ба шахсони воқеӣ ба берун баровардани маблағи 100 млн сӯм (тибқи қурби ҳозира 9 ҳазор доллар) ва камтар аз он иҷоза дода шудааст.
Ҷиҳати ба хориҷи кишвар баровардани асъори нақди хориҷӣ ба маблағи 70 млн сӯм, яъне на бештар аз ин бо роҳи ба таври шифоҳӣ анҷом додани расмиёти эъломия бидуни ишора дар эъломияи хаттии гумрукӣ иҷоза дода шудааст.
Асъори хориҷии нақд дар ҳаҷми 70 млн то 100 млн сӯм бояд бо ишора дар эъломияи хаттӣ ба хориҷи кишвар бароварда шавад.