Соли 2022 дар вилояти Суғд нисбати 254 нафар (соли 2021 – 234) барои саркашӣ аз пардохти алимент ба прокуратура пешниҳод ворид шудааст, ки 180 адади он тибқи моддаи 177-и Кодекси ҷиноятӣ қонеъ гардидааст. Аз ин теъдод, 25 нафар аз озодӣ маҳрум гардида, 152 нафари дигар ба корҳои ислоҳӣ ё ҳатмӣ фиристода шудаанд. 3 нафари дигар бошад, бо ҷарима раҳо шудаанд.
Дар ин хусус, Алиҷон Амонзода, сардори Раёсати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд, дирӯз, 15-уми феврал, дар нишати матбуотӣ хабар дод.
Ҳамчунин, 97 нафаре, ки аз пардохти алимент саркашӣ кардаву ҷойи истиқомати доимиашон маълум нест, дар кофтуков қарор доштаанд.
“Мо ному насаби афроди қарздорро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намудаем ва дар баъзе шаҳру навоҳӣ акси онҳо дар тахтаи афроди ҷустуҷӯшаванда насб гардидааст”, - гуфт Алиҷон Амонзода.
Ба қавли ӯ, минбаъд, онҳое, ки аз пардохти алимент саркашӣ мекунанд, ҳудуди кишварро низ тарк карда наметавонанд.
«Совет на пятёрку»: Как помочь ребенку сдать экзамены без стресса?
Новый дресс-код и критика: как проходит Каннский фестиваль в 2025 году?
В ДТП в Казахстане погибли шесть граждан Таджикистана
ОДКБ начнет поставки вооружения на таджикско-афганскую границу в 2026 году
Таджикистан посетил самый титулованный борец в мире Михаин Лопес Нуньес
«Он стал жертвой...» Спустя 25 лет заказчик убийства Сайфа Рахимзода Афарди остается неизвестным
Душанбе готовится к первой выставке здоровья и красоты
Таджикистан попросил исламские финансовые организации увеличить поддержку крупных проектов в стране
Лето, которое меняет всё: MediaLAB Asia+ запускает образовательную программу для подростков
Генпрокуратура России начнет мониторить вред, причиненный иностранными государствами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста