Баъд аз паҳн шудани навори латукӯби сарбозон ва боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба кормандони ин ниҳод дастур додааст, ки мубориза бо меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбиро пурзӯр кунанд.
“Бо дастури Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии кишвар доир ба муайян кардани ҳолатҳои ҷой доштани чунин таҷрибаи номатлуби бадрафторию бузургсолорӣ (дедовщина), лату кӯби хизматчиёни ҳарбӣ ва дар ин замина муайяну ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор, баланд бардоштани масъулият ва ҳисси ҷавобгарии ҳайати роҳбарикунандаи қисмҳои ҳарбӣ санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, назорат дар ин самт пурзӯр карда шуд”, - гуфта мешавад дар хабари Додситонии кулли кишвар.
Дар хабари нашркардаи Додситонии кулли кишвар, боздошту ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ҳукми гирифтаи муттаҳамони латукӯби сарбозон, ки навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаву вокунишҳои қатъиро ба бор овард, шарҳ дода шудааст.
Зикр мегардад, ки ҳолати мазкур зери назорати додситони кулл, генерал-полковники адлия Раҳмон Ю.А. “мавриди санҷиши пурра ва ҳаматарафа қарор гирифта, ҳамаи шахсони гунаҳгор дар муҳлати кӯтоҳ муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардиданд”.
Бояд гуфт, 30-юми майи соли 2023 Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбати 8 нафар, ки барои латукӯби сарбозор гунаҳкор мешуданд, ҳукми худро содир намуд. Подполковник Нузхат Лазуриев, сардори собиқи комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Тоҷикистон, ки ҳодиса дар он ҷой рух додааст, Аъзамҷон Камолов, Ҳоҷиакбар Сайфуллоев, Шамсулло Юсупов, Муҳаммадназар Нозимов, Ҷонибек Қосимзода, Фахриддин Азимов ва Сунатулло Холматов аз 9 солу 6 моҳ то 11 соли 6 моҳ ба зиндон маҳкум шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин афсару сарбозон замоне боздошт шуданд, ки навори саф кашидани чанд сарбоз ва бадрафторӣ нисбати наваскарон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Пас аз нашри мавод дар шабакаҳо корбарони зиёд аз латукӯб ва бадрафторӣ дар сафи артиш ёдовар шуда, аз он интиқод карданд ва аз мақомоти масъули кишвар дархост карданд, ки ҳодиса таҳқиқ гардида, гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҳамчунин, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб намуданд, ки минбаъд пеши роҳи меҳтарсолорӣ ва бадрафторӣ дар артиш гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.
С Новым годом, дорогие друзья!
Tarona Music Award-2024: 15 звезд на одной сцене!
В «Ориёнбанк» подвели итоги акции с розыгрышем квартир и электромобилей
2025 год Зеленой Деревянной Змеи: что он принесет?
Что смотреть на новогодние праздники: 10 новых и самых новогодних фильмов
Селёдка под шубой: ТОП-5 необычных оформлений самого новогоднего блюда
Мэр Душанбе поручил искать гранты на ремонт ветхих электросетей и водопроводных линий в столице
Гульсифат Шахиди: «Тот, кто получил достойную жизнь, прежде всего много трудился»
В первый день нового года погода в Таджикистане резко изменится
Пять ключевых достижений Таджикистана в сфере энергетики и водных ресурсов в 2024 году
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста