Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” ҷузъиёти муноқиша байни ду гурӯҳи наврасонро, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохтааст, шарҳ дод.
Барномаи мазкур шоми 21-уми июн пахш шуд, аммо ҳодиса рӯзи 9-уми июн рух додааст.
Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни гузориши телевизионӣ гуфт, муноқиша аз баҳси лафзии ду наврас дар шабакаи иҷтимоӣ оғоз шуда, бо марги як нафар ба анҷом расидааст.
“Рӯзи 9-уми июн Беҳрӯз Давлатов дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо Солеҳ Зокирҷонзода вориди баҳси лафзӣ шуда, онҳо ҳамдигарро бо алфози қабеҳ таҳқир кардаанд. Баъдан, барои ҳалли моҷаро онҳо дар кӯчаи А .Навоӣ, маҳаллаи 91-уми Душанбе мулоқот таъин кардаанд”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Шакурӣ, Солеҳ Зокирҷонзода бо се ҳамроҳаш ва Беҳрӯз Давлатов бо чаҳор дӯсташ бо корд мусаллаҳ шуда, ба макони маслиҳатшуда ҳозир шудаанд.
“Мувофиқи маълумотҳои назорати видеоӣ, соати 21:57 дар назди маркази бозиҳои компютерӣ задухӯрд сар зад. Дар ҷараёни занозанӣ яке аз бачаҳо Солеҳ Зокирҷонзодаро латукӯб карда, ба ӯ ду корд задааст. Худи Беҳрӯз Давлатов ба шиками Солеҳ боз як зарбаи сахт мезанад. Дар натиҷаи талафи зиёди хун Солеҳ ба ҳалокат расидааст”, - гуфт Шакирӣ.
Сироҷиддин Шакурӣ гуфт, аз рӯи ин далел 9 нафар боздошт шуда, тафтишот идома дорад.