Дилшод Саидмуродов, ки гуфта мешавад бо номи “Дилшод “Красавчик” машҳур аст, гумонбари дуюм дар рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” муаррифӣ мешавад. Ӯ муддате дар ВКД, Додситонии кулл ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кор кардааст ва ду рӯз баъд аз рабуда шудани бонкдори шинохта, тавассути толори СИП-и Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Маскав рафтааст. Ҷустуҷӯи ӯ ҳоло идома дорад.
Дар ин бораи газетаи СССР ва Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳанд.
Шуҳрат Исматуллоев 23-юми июни соли 2023 дар Душанбе рабуда шуд ва то ҳол сарнавишти ӯ номаълумбоқӣ мемонад.
Газетаи СССР дар шумораи №26 (771) аз 6-уми июли соли 2023 бо унвони “Одамрабоӣ: Шуҳрат Исматуллоев куҷост? Рустам Ашуров – “стрелоки молдовӣ” кист?? Дилшод “Красавчик” – заказчики Шуҳрат...???” оид ба қазияи рабуда шудани муовини раиси “Ориёнбонк” мавод нашр кардааст ва дар он баъзе фарзияҳои эҳтимолии содиршавии ин ҷиноят ва тафсилоти шахсияти Дилшод Саидмуродов, гумонбари дуюм дар одамрабоиро зикр намудааст.
БИТКОИН омилӣ одамрабоӣ?
Дар матлаби нашрнамудаи нашрия се фарзияи эҳтимолии рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев зикр шудааст:
- Версияи якум, ки одамрабоён пул талаб мекунанд, чанд рӯз пас аз байн рафт. Зеро ягон кас занг задаву аз пайвандони Шуҳрат Исматуллоев пул талаб накард.
- Версияи 2, ки бо фаъолияти бонкдории ахирӣ бастагӣ дошт, низ кор надод. Зеро то ҷое ба мо сарчашмаҳои муътамад гуфтанд, ягон амалиёти бонкӣ, ки машкук бошад, дар Ориёнбонк ҷараён нагирифтааст.
- Версияи 3, ки 1 манбаъи огоҳ матраҳ кард, ин аст, ки гӯё амалиётҳои интернетие вобаста ба БИТКОИН ё худ криптовалюта сабабгори ин ҷиноят шуда бошад.
Баъдан, нашрия фарзияи сеюмро шарҳ дода, аз забони манбаъҳояш навиштааст, ки “Шуҳрат Исматуллоев, ки дар олами бонкдорӣ хеле Шахсияти Вежа ва “Уникум” буд, табиист, ки бо ин валюта низ сару кор дошт”.
“Вале пурсида мешавад, КӢ медонист, ки Исматуллоев бо Биткоин сару кор дорад? Ва суоли дигар ин аст, ки Шуҳрат Исматуллоевро, ки варзишкори касбӣ ва сарпарасти гӯштии водии Кӯлоб ва таҳамтану варзида буд, чигуна одамрабоён ба мошин бе ғавғое савор кардаанд?”, - менависад ин нашрия.
Ҳафтаномаи СССР бо таваҷҷуҳ ба варзишгари касбӣ ва таҳамтан будани Шуҳрат Исматуллоев менависад, ки бе ғавғо ба мошин савор кардани бонкдор ғайриимкон буд, аз ин лиҳоз, эҳтимол аст, ки нафаре аз рабояндагон Шуҳрат Исматуллоевро мешинохт.
“1 манбаъ ба СССР гуфт, ана ҳамин Дилшоди “красавчик” бо Шуҳрат Исматуллоев шинос буд ва сабаби бе ягон таъхир ва гарданкашӣ вориди мошини сиёҳшиша шудани ахирӣ низ ҳамин шиносоии онҳост”, - менависад газетаи СССР.
Дилшод “Красавчик” кист?
Ба навиштаси ҳафтаномаи СССР Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович 4-уми июни соли 1984 дар кӯчаи Навоии шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2001 мактаби №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо хатм карда, ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ВКД-и Русия дохил мешавад ва соли 2006, баъди хатми ин донишгоҳ як сол дар сафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия фаъолият кардааст.
“Соли 2007 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ дохил шудааст. Аз моҳи октябри соли 2007 то соли 2008 дар вазифаи ваколатдори оперативии шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамони РМЗҶМ (УБОП) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст”, - менависад газетаи СССР.
Ба навиштаи ин расона, Дилшод Саидмуродов аз соли 2008 то 2010 дар РОҶ КВД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РАД (Внутреняя Безопасность) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯ соли 2010 аз сафи ВКД озод карда шуда, 4 сол ба баъд, яъне дар соли 2014 ба ҳайси мутахассис – кибернетик дар Додситонии кулли кишвар ба кор қабул мешавад. Баъдан дар он ҷо низ аз сафи мақомот озод карда шудааст.
“Баъди озод гардидан аз сафи мақомоти прокуратура дар соли 2016 ба сафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дохил шуда, 1 муддати кӯтоҳ дар он ҷо кору фаъолият намудааст, рутбаи ҳарбиаш капитани адлия мебошад. Яъне ин шахс дар 3 вазорати калидии кишвар – ВКД, Генпрокуратура ва Агентии коррупсия кору фаъолият мекард! Чунинҳоро “оборотен в погонах” меноманд...”, - менависад газетаи СССР.
Таъкид мегардад, ки Дилшод Саидмуродов ду рӯз баъди рабудани Шуҳрат Исматуллоев, яъне 25 июни соли 2023, соати 06:00, тавассути толори СИП-и Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо хатсайри Душанбе - Масква ба Русия фирор намудааст.
“Аз рӯйи баъзе маълумот, ӯ тавассути ВИП ва СИП зали фурудгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд зиёд парвоз карда, ӯро ҳамчун мусофири дастбахайр ва хеле ҳам забондон мешинохтаанд. Дар тарабхонаҳои шики пойтахт низ ӯро хуб медонистаанд, зеро дастархондор (медонист киро зиёфат диҳад) ва сахӣ (бо фоҳишаҳо) будааст. Ҷустуҷӯи Дилшод Саидмуродов идома дорад”,-менависад ин ҳафтанома.
Газетаи СССР бо такя ба манобеи худ менависад, ки “яке аз шахсиятҳои калидии ин ҷинояти гӯшношунид, маҳз ӯст ва ёфтану ҷазо доданаш, кори ҷонӣ ва нонии 3 мақомоти қудратист, ки дар он замоне кору фаъолият дошт...”.
Қаблан, мақомоти Тоҷикистон Рустам Ашӯров, нафаре, ки дар фурудгоҳи Кишинёви давлати Молдова ду нафар корманди мақомоти амнияти ин кишварро куштаву чанд нафарро захмӣ намуд, аз гумонбарони дуздии бонкири тоҷик муаррифӣ карданд. Ин тирандоз ҳангоми боздошт захмӣ шудаву бистарии беморхона шуд ва ба худ наомада, ҷон бохт.
Баътар Радиои Озодӣ навишт, ки дар робита ба рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ҳадди ақалл 4 нафар дастгир шудаанд. Боздоштшудаҳо афсарони пешини мақомоти қудратӣ будаанд, ки бо ҷинояткорони собиқадор барои одамрабоӣ ҳамкорӣ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, бо гузашти 13 рӯз аз рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев, то ҳол сарнавишти ӯ номаълум аст.
Ёдовар мешавем, ки муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шӯҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июн, тахминан соати 20:10 дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рабуда шуд. Ба иттилои ВКД, ин ҷиноятро як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир кардааст.
Ба иттилои мақомот, Исматуллоевро зӯран ба мошини сиёҳи “Хундай Соната” савор карда, ба самти ноҳияи Варзоб бурданд. Бори охир ӯро дар ҳудуди маҳаллаи Чағатой диданд ва пас аз он, изи ӯ нопадид шудааст.
Дар рӯзҳои аввали содир шудани ҷиноят, ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда кард.
Дар баробари ин, таъмини амнияти нафари мусоидаткунанда, ифшои ному насаби онҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро тибқи талаботи қонунгузории ҶТ кафолат дод.
Рубль обесценился к сомони за последние сутки почти на 5%
В Таджикистане выбирают «Лучшего супруга»: как проходит конкурс и кто становится победителем?
Почему в Таджикистане растет стоимость сжиженного газа?
В Таджикистане впервые проведена операция на сосудах головного мозга
Кыргызские авиакомпании могут исключить из «черного списка» Евросоюза, - Жапаров
СМИ: администрация Байдена предоставит Киеву пакет военной помощи на 725 млн долларов
Операторов связи Таджикистана предупредили: из-за плохой связи их либо оштрафуют, либо лишат лицензии
Банк России на фоне падения рубля отказался продавать валюту до конца года
Все-таки сыграем с Россией? Сборная Таджикистана может это сделать в 2025 году
К 2037 году Таджикистан хотят превратить в «зелёную страну». Что для этого собираются предпринять?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста