Наздикони Исмоил Раҳмонов, омӯзгори рабудашудаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз он нигаронӣ кардаанд, ки бо гузашти беш аз як моҳ аз рабуда шудани ӯ, додситонӣ онҳоро ба парванда шинос намекунад. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, мақомот ба пайвандони муаллим Раҳмонов ҳушдор додаанд, ки ба расонаҳо сӯҳбат накунанд ва онҳо дар ин бора баёнот низ навиштаанд.

Муаллим Исмоил Раҳмонов моҳи июни соли 2023 аз яке аз маҳаллаҳои Душанбе рабуда шуд. Додситонии кулли кишвар баъдтар хабар дод, ки бо гумони рабудани ин омӯзгор, подполковники Вазорати корҳои дохилӣ Акмал Юсуфзода ҳамроҳ бо як нафари дигар боздошт шудааст. Парвандаи онҳо ба гумони одамрабоӣ дар баррасии Додситони кул қарор дорад.

Бо гузашти беш аз як моҳ аз рабудани муаллим ва оғози парвандаву боздошти гумонбарон, пайвандони Исмоил Раҳмонов чанд маротиба барои шинос шудан бо парванда ба Додситонии кулл рафтаанд, аммо муваффақ нашудаанд.

“Дар ин бора хаттӣ ариза навиштем, ки аз ҷараёни тафтиши парванда моро огоҳ кунанд. Интизорем чӣ посух медиҳанд. То ҳол аз Исмоил ҳеҷ хабаре нест, зиёд мехоҳем донем, ки тафтишот чиро маълум кардааст”, - гуфтааст яке аз пайвандони Исмоил Раҳмонов, бо шарти ошкор нашудани номаш.

Аз Додситонии кулли кишвар ҳам ба ин расона гуфтаанд, “парванда ҳанӯз дар баррасӣ аст”, вале ҷузъиёте надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки Исмоилҷон Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 24-уми июн аз ҷониби сардори шуъбаи таҳлилӣ, банақшагирӣ ва муносибатҳои байналмилалии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам ва шаҳрванд Шукуров Исмоилҷон Маъмурович рабуда шудааст.

“Юсуфзода А.Ҳ. шаби 12 июни соли 2023 соати 23:20 дақиқа аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Шукуров И.М. устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, наздикии қурутобхонаи “Муслим” бо истифодаи зӯроварӣ ба автомашинаи хизматияш, ки тамғаи “Хундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030UD01 мебошад, савор карданд", - навишт Додситонии кулл.

Ба навиштаи ин ниҳод, онҳо  дастони муаллимро баста, дар километри 118 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ бо мақсади ба қатл расонидан ӯро ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Нисбати ҳарду бо моддаи 130 қисми 2 бандҳои “а” ва “в”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ба муттаҳамон аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад, аммо дар сурати пайдо шудани ҷасади Исмоилҷон Раҳмонов, ба онҳо метавонанд то 25 соли зиндон барои куштор таҳдид кунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.