Вазорати корҳои дохилӣ феҳристи ронандагонеро расонаӣ кард, ки бештар аз ҳама қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, тавассути дастгоҳҳои сабти “Шаҳри бехатар” сабт шудаанд, аммо ҷаримаҳоро пардохт накардаанд.
Ба гуфтаи ВКД, вақтҳои охир баъзе ронандагони воситаҳои нақлиёт, алалхусус ҷавонон дидаву дониста талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона сарфи назар намуда, ин амалҳои номатлуби худро идома медиҳанд.
Рӯйхати қоидавайронкунҳои ашаддӣ, ки “Шаҳри бехатар” сабт кардааст, аз 12 ном иборат мебошад.

“Пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар ҳудуди пойтахт ва қойдавайронкуниҳо дар қиёс ба солҳои пеш кам гардида бошад ҳам, вале то ҳанӯз омилу сабабҳое дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷой доранд, ки аз ҳар кадоми мо - иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маърифати баланди ҳуқуқӣ ва одобу муносибати шаҳрнишинро тақозо менамояд”, - менависад манбаъ.
ВКД ва “Шаҳри бехатар” аз ҳамаи шаҳрвандон, бахусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ хоҳиш менамояд, ки талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, садамаҳои нақлиётиро пешгирӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” 31-уми октябри соли 2013 фаъол гардида, ба назорати ҳаракати нақлиёт ва ҳар гуна қоидавайронкуниву қонуншиканӣ машғул аст.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ дурбинҳои “Шаҳри бехатар” насб карда шуд ва дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳам дар ояндаи наздик дурбинҳои назоратии “Шаҳри бехатар” насб карда мешаванд.
Сжигающий Рамазан: Интересные факты о священном для мусульман месяце
Таджикский первопроходец в английской премьер-лиге
Влиятельные женщины в таджикской политике
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Чайхона раздора, энергетический вопрос в Рамазан и мольбы матерей
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 9 марта 2025 года
Медиа-группа «Азия-Плюс» поздравляет всех женщин с Днем матери и Международным женским днем!
Цветы, улыбки и подарки: как прошла ежегодная акция «Азия-Плюс» - «Модарони мо»
Официально: Первый пункт выдачи заказов Wildberries в Душанбе откроется в апреле
Politico: Трамп ограничил полномочия Маска и его DOGE в вопросах увольнения госслужащих
ICB поддерживает развитие национального футбола
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста