Дилшод Саидмуродов (Дилшоди “СБ” ё Дилшоди “Красавчик”), гумонбари асосӣ дар дуздиву куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси бонки “Ориёнбонк” боздошт ва ба Душанбе оварда шудааст.
Ин маълумотро як манбаъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард. Аммо мақомот расман ҳеҷ иттилое дар бораи Дилшод Саидмуродов ироа накардаанд.
Қаблан Додситонии куллии кишвар гуфта буд, Дилшод Саидмуродов роҳбари гуруҳи муташаккили ҷиноятие буд, ки 23-юми июни соли 2023 Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси бонки “Ориёнбонк”-ро рабуда, дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд”.
Чанде пеш Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки зимни як мулоқот аз аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони ин кишвар хостааст барои боздошти Дилшод Саидмуродов бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ кунанд.
Ҳамчунин, барои ҳамкорӣ дар боздошт Дилшод Саидмуродов мукофотпулӣ ваъда карда буд.
Пештар аз ин, дафтари матбуоти ВКД ҳам хабар дода буд, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни мулоқоти худ бо ҳамтои русаш масъалаи боздошти Дилшод Саидмуродовро баррасӣ намудааст.
Ба ақидаи мақомоти тоҷик, Дилшод Саидмуродов пас аз содир кардани ҷиноят ба Русия фирор кардааст. Ҳамроҳ бо ӯ, шарики дигари ҷиноят Акбар Аҳмадов (Ахмедов) ҳам ба Русия фирор кардааст.
Чанде пештар Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Акбар Аҳмадов дар боздоштгоҳи Тоҷикистон аст.
Аз ин пештар Додситонии кулли кишвар аз боздошту истирдоди як нафар гумонбари дигари рабудани қатли Шуҳрат Исматуллоев бо номи Бахтовар Сафарови 28-сола аз Туркия хабар дода буд.
Он замон Додситонии кулл навишт, ки дар умум 13 аъзои гуруҳи ҷиноятӣ, ки дар қазияи рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доштанд, дастгир шудаанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки қаблан Рустам Ашӯров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар рабудани куштори Шуҳрат Исматуллоев гумонбар мешуд, дар фурудгоҳи Кишинёви Молдова як марзбон ва як афсари амниятро ҳадафи тир қарор дода, чанд нафарро захмӣ кард ва дар ҷараёни амалиёти безараргардонӣ захмӣ шуда ба беморхона интиқол ёфт. Чанде пас ӯ даргузашт.
Ёдовар мешавем, ки Шуҳрат Исматуллоев 23-уми июни соли 2023 дар маркази пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рабуда шуд. Баъдтар Додситонии куллии кишвар иттилоъ дод, ки Шуҳрат Исматуллоевро як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ рабудааст ва дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.” Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
Пас аз беш аз як моҳи ҷустуҷӯ, Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар дар нишасти матбуотии ахир гуфт, ки ҷасади Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 13-уми август дарёфт ва шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян кардаанд. Бонкирро 30-юми август ба хок супориданд ва мақомот нагузоштанд рӯзноманигорон аз маросими видоъ гузориш пахш кунанд.
Топ полезных таджикских блюд для поддержания иммунитета во время холодов
Как не стать жертвой мошенников-продавцов мёда в Таджикистане?
"Бычьи знамена", "Диравши Ковиёни", "Султан тень Аллаха", красный стяг: как менялся флаг таджиков?
Ужесточите наказание! Почему в Таджикистане нет культуры вождения?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 24 ноября 2024 года
Что нужно знать о профилактике простатита в наступающие холода?
ООН: В 2024 году зафиксировано рекордное число смертей гуманитарных работников
От настольных солнечных вентиляторов до эко-искусства: проекты молодежи Таджикистана
5 чудес Китая: объекты наследия ЮНЕСКО, которые вас поразят
СМИ: Трамп планирует создать должность спецпосланника по российско-украинской войне
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста