Додгоҳи ноҳияи Заелсовои Новосибирск рӯзи 10 январ шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон Қосимҷон Ҳоҷибоевро ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Ӯ дар даст доштан ба дуздӣ ( модд. 158, қ.2, б. “б” КҶ ФР) ва қасдан нобуд кардан ё зарар расонидан ба амволи бегона (модд. 167, қ.2 КҶ ФР) гунаҳкор дониста шудааст.

Тавре ки precedent.tv хабар медиҳад, додгоҳ ӯро дар оташзании 10 мошини гаронбаҳое, ки ба оилаи пойгарони автомашинаҳо (автогонщик) Дмитрий Матвеев тааллуқ доштанд, айбдор донистааст.

Сӯхтор дар гаражи роҳи Дачний шаби 9 феврали соли 2023 рух додааст. Дар ҷараёни тафтишот маълум шудааст, ки ин мард дар хонаи Матвеев кор карда, аз пули пардохти кораш норозӣ будааст ва тасмим гирифтааст, ки корфарморо “ҷазо медиҳад”. Аз зарф бензин гирифта, онро ба як автомобил мепошад ва оташ мезанад. Сипас дучарха (велосипед)-и назди гаражро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷа 10 мошин, инчунин масолеҳи сохтмони гараж ва таҷҳизоти коммуникатсионии хона сӯхтаанд.

Автомашинаҳо ба фирмаи тоҷир ва аъзои оилаи ӯ тааллуқ доштаанд. Мошинҳои Bentley Bentaygа (16,2 млн), Bentley Continental (17,3 млн), 2 Mercedes-Benz AMG (ҳар кадоме 16,4 млн), Lexus LX (5,8 млн), Toyota Land Cruiser-300 (9,2 млн), BMW X5 (13,6 млн) ва Dodge Ram (8,4 млн) қариб пурра сӯхтаанд.  

Ду мошини дигари тамғаи хориҷии Porsche 911 ва Mercedes-Benz  нисбатан камтар осеб дида, лекин қисмати зиёди ҷойҳояшон низ сӯхтааст. Ҳамчунин чизу амволи гаронбаҳои соҳибони гараж дар дохили автомашинаҳо низ ба коми оташ рафтааст. Ғайр аз ин, сӯхтор ба коммуникатсияҳои техникии хона зарар расонидааст.

Маблағи умумии зарар 123 млн рубл (ҳудуди 1,4 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.